Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моликӣ сиҳату саломат ба Ироқ баргашт


Сарвазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ баъди муоинаи якҳафтаина дар Британия ба ватанаш баргашт. Дафтари матбуотии Моликӣ изҳор намудааст, ки табибони яке аз шифохонаҳои Лондон дар давоми ду рӯз вазъи саломатии сарвазири Ироқро ташхис намуданд. Ба гуфти онҳо Моликӣ аз кори зиёд худро хаста эҳсос мекард. Дар паёми солинавиаш Моликӣ аз Лондон иброз дошт: "Мехоҳам ба ҳама итминон диҳам, ки вазъи саломатиам хуб аст".
XS
SM
MD
LG