Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди даҳ сол дар Ҳонконг интихобот доир мешавад


Баъд аз 10 сол сокинони Ҳонконг раҳбари вилоятро худ интихоб хоҳанд кард. Раҳбари Ҳонконг Доналд Тсан хабар дод, ки тибқи тасмими Кумитаи доимиии Маҷлиси вакилони мардуми Чин, соли 2017 барои нахустин бор интихоботи раҳбари Ҳонконг доир мешавад. Соли 2020 порлумони Ҳонконг низ аз сӯи мардум интихоб хоҳад шуд.

Ҳонконг, собиқ мустамликаи Бритониё соли 1997 ба Чин баргардонида шуд ва айни ҳол дар ҳайати ин кишвар мақоми вижа дорад. Ҳоло раҳбари Ҳонконг аз сӯи Пекин таъин мешавад.

XS
SM
MD
LG