Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронсавиҳо бо сигор падруд мегӯянд


Дар Фаронса шурӯъ аз соли нав тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамоатӣ мамнӯъ хоҳад шуд. Кашидани сигор дар тарабхонаву қаҳвахона, дискотека, казино ва меҳмонсароҳо манъ мешавад ва онҳое, ки ин қонунро нодида мегиранд, ба маблағи беш аз 660 доллар ҷарима пардохт хоҳанд кард.Зимнан, ба хотири халалдор накардани истироҳати солинавии шаҳрвандон мақомоти Фаронса эълом доштанд, ки татбиқи қонун аз 2 январ шурӯъ мешавад.

Ба иттилоъи расмӣ, айни ҳол ҳар сокини чаҳоруми Фаронса сигор мекашад ва мақомот мутмаинанд, ки бо манъи сигоркашӣ дар ҷойҳои фароғати мардум теъдоди алоқамандони сигор ба карат коҳиш хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG