Бадрӣ Патаркатсишвилӣ-довталаби курсии раёсатҷумҳурии Гурҷистон эътироф кард, ки ба мансабдори полис "пули зиёд" пешниҳод кардааст, то онҳо дар муқобили эътирозҳои мухолифин аз нерӯ кор нагиранд. Изҳороти соҳибкори миллиардер Патаркатсишвилӣ шоми сешанбе тариқи телевизион пахш шуд. Рӯзи душанбе идораи додситонии Гурҷистон гуфт,
Патаркатсишвилӣ нақша дорад, дар паи интихоботи президентии 5-уми январ эътирозҳои дастаҷамъӣ ташкил намояд. Ҳамчунин додситонӣ илова кард, Патаркатсишвилӣ ба Эрекле Кодуа-раҳбари полиси таъйиноти хос, ваъда додааст, ки агар полис дар барканорсозии ҳукумат кумак расонад, ӯ 100 миллион доллар ба даст меорад. Вале Патаркатсишвилӣ гуфт, ӯ бо Кодуа якшанбеи 25 декабр дар Лондон вохӯрд, то аз такрори таъқиби эътирози мухолифин ҷилавгирӣ кунад. Моҳи ноябр мақомоти Гурҷистон бо истифода аз зӯр ҷамъомади мухолифинро пароканда намуданд.