Ин кишварҳо Эстония, Латвия, Литва, Маҷористон, Лаҳистон, Ҷумҳурии Чех, Словакия, Словения ва Малта мебошанд. Ба ҳамин тариқ, шумори кишварҳои шомили ҳавзаи Шенген ба 24 расид.
Ҳамакнун, шаҳрвандони Тоҷикистон масалан барои сафар ба Ҷумҳурии Чех ва ё Лаҳистон ва ё Маҷористон метавонанд аз сафорати Олмон дар Душанбе раводиди Шенген бигиранд. Ҳамакнун, дар роҳҳои чӣ обӣ ва чӣ заминии аз Эстония то ба Фаронса аз Шумо шиноснома талаб нахоҳанд кард. Ва гуфта мешавад, лағви назорати раводидӣ дар фурӯдгоҳҳо бо сабабҳои фаннӣ то ба се моҳи дигар ба тавқиф гузошта шудааст.
Дар баробари лағви низоми назорати раводидӣ дар дохили кишварҳои узви муоҳадаи Шенген, ба аъзои нави ин муоҳада лозим меояд, то назорати марзҳои берунии худро ташдиди бибахшанд.
Муоҳадаи Шенген соли 1985 дар деҳаи хурде бо номи Шенген дар марзи Белгияву Ҳоланд ва Луксембург ба имзо расида, ва дар аввалн танҳо ҳамин се кишвари ҳаммарзро дар бар мегирифт. Ҳоло, бар иловаи нӯҳ кишвари нав, ҳамчунин, Австрия, Белгия, Дания, Финландия, Фаронса, Олмон, Исландия, Италия, Юнон, Луксембург, Ҳоланд, Норвегия, Португалия, Испания ва Шведсия шомили ҳавзаи Шенген ҳастанд.