Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии "Мушкили Косово" дар Шӯрои Амнияти СММ


Иёлоти Муттаҳида, Иттиҳоди Аврупо ва Русия дар давоми ду сол ба музокироти тарафҳо роҷеъ ба мақоми вилояти Косово сарпарастӣ карданд. Ва таври маълум ин музокирот бенатиҷа аст. Ҳарду тараф ба ҳеҷ гуна гузашт роҳ надоданд. Белград мегӯяд, ба Косово мухторияти густарда медиҳад, аммо на истиқлолият. Аммо сарони аксарияти албанитабори Косово чизеро ба ғайр аз истиқлолият қабул надоранд.

Президенти Косово Фатмир Сайду дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ аввали декабр гуфт, аксарияти албанитабори Косово аз ҳеч таҳдид ё қурбонӣ андеша намекунанд: "Рӯзи Косово бе робитаҳои иқтисодиии ҳозирааш бо Сербия низ мегузарад. Сербия шикебоии моро озмудан мехоҳад, ки оё роҳҳои дигар ва захираҳои худие дорем, ки ба муҳосираи таҳмилкардаи Сербия тоб оварем. Мо омодаем. Шаҳрвандони Косово медонанд, ки истиқлолият нарх надорад. Ва агар Сербия бо фишори низомӣ ё иктишофӣ дар Косово хушунат ба роҳ андохтанӣ бошад, бо кӣ рӯёрӯ хоҳад шуд? Нирӯҳои НАТО дар Косово тазмини қавие додаанд, ки ба ҳеч гуна зӯроварӣ роҳ нахоҳанд дод."

Ба ин тартиб интизор меравад, ки Косово дар ҷаласаи Шӯрои Амният бори дигар ҳамин мавзеъи худро такрор хоҳад кард. Аммо шӯро гумон аст, ба як хулоса омада тавонад. Аъзои доимии он -- Фаронса, Бритониё ва Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, дигар фурсате барои гуфтушунид нест ва мақоми Косоворо бояд ба таври ниҳоӣ ва қотеъ муайян кард. Чин ва бахусус Русия мухолифи истиқлолияти Косовоянд ва талаб мекунанд, гуфтушунид идома ёбад.

Президенти Русия Владимир Путин борҳо ҳушдор додааст, ки Косовои мустақил барои минтақаҳои ҳамсон як намунае хоҳад гашт. Аз ҷумла дар Гурҷистон, ки минтақаҳои русияпарасти Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазия ё дар Молдова, минтақаи рӯбамаскави Соҳили Днестр ҳамчунин истиқлолият мехоҳанд.

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзи сешанбе Ғарбро айбдор кард, ки дар гуфтушунид бо Белград аз Косово ва мавзеъгирии қотеъи он пуштибонӣ мекунад. Вай афзуд, эъломияи истиқлолияти Косово берун аз доираи СММ пайомадҳои хатарнок хоҳад дошт: "Эълони якҷонибаи истиқлолияти Косово ва шинохти ғайриқонунии ин истиқлол мусалламан пайомадҳо хоҳад дошт, зеро ман мутмаъинам, баъд аз он вокунишҳои занҷираӣ дар Балкан ва дигар манотиқ ба вуҷуд хоҳад омад. Ва онҳое ки чунин нақшаро дар сар мепарваранд бояд аз масъулияти худ огоҳ бошанд." Ва агар, тавре интизор меравад, бунбаст идома ёбад, мумкин аст, тамаркуз ба рӯи Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо бикӯчад. Онҳо ба таври расмию ғайрирасмӣ хабар додаанд, ки омодаанд истиқлолияти ҳатто якҷонибаи Косоворо эътироф кунанд.
XS
SM
MD
LG