Пайвандҳои дастрасӣ

Ба иттилоъи Мизроб Доробов, сардори хадамоти матбуъотии ШКД-и ВМКБ, сокини 53-солаи деҳаи мазкур Зикриллобек Машрабов вақти сангтарошӣ барои сохтмон аз чизи барояш номафҳуми филизӣ ҳамчун фона истифода мекунад, ки дар асл снаряди қаблан натаркида будааст.
М. Доробов воқиъаро чунин шарҳ дод: «Ҳангоми бо путк ба он зарба задан инфиҷор ба амал омад, ки дар натиҷа худи Зикриллобек Машрабов дар ҷои ҳодиса ҳалок гардид. Дар ҳамин ҳол писари 10-солаи ӯ Сафаралӣ ва ҷияни 7-солааш Машраб, ки ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд, сари вақт ба бемористон интиқол гардиданд.
Ба гуфтаи Мизроб Доробв, дар наздикии тамрингоҳи низомии собиқ ҷойгир шудааст, ки соллҳои пеш дар он марзбонон машқ мегузаронидаанд. «Ба эҳтимоли қавӣ, ҳамон вақт ин снаряди беэҳтиёт сардодашуда ба деҳа афтидааст ва ҳамин тавр натаркидааст, - гуфт М. Доробов. – Феълан мо аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқотро оғоз намудаем».

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG