Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

БОР ба Тоҷикистон 190 милиён доллар кумак мекунад


Бонки Осиёии Рушд (БОР) тасмим гирифтааст, ки тайи солҳои 2008-2010 ба Тоҷикистон ба маблағи 190 милиён доллар кумак кунад. Дар ин бора раиси нави намояндагии ин бонк дар Тоҷикистон Макото Оҷира зинми як нишасти матбуотӣ эълон намуд. Вай гуфт, ин маблағ асосан барои пешбурди соҳаҳои кишоварзӣ, нақлиёт, энержӣ ва иҷтимоиёт масраф хоҳад шуд.

Тоҷикистон соли 1998 узвият дар Бонки Осиёии Рушдро касб кардааст ва то имрӯз ин бонк ба Тоҷикистон ба маблағи 400 милиён доллар қарзҳо ва кумакпулиҳо додааст.

XS
SM
MD
LG