Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Эмомалӣ Раҳмон аз ҷаҳониён


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 3-уми декабр зимни суханронӣ дар анҷумани нахустини оби кишварҳои Осиёи ва Уқёнусия дар Ҷопон даъват кард, Бунёди наҷоти баҳри Арал ба як муассисаи тобеъи Созмони Милал табдил дода шавад. Бунёди мазкур, ки ҳоло Тоҷикистон раҳбарии онро бар ӯҳда дорад, барои эҳёи баҳри Арал, ки хушкшавии онро фоҷиаи асри 20 номидаанд, чанд барнома иҷро мекунад. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ба танҳоӣ наметавонанд, мушкили баҳри Аралро ҳал кунанд ва ба кӯмаки ҷомеаи байналмилал ниёз доранд.

XS
SM
MD
LG