Наздики 30 асари рассоми тоҷик Юсуф Сангов имрӯз дар як намоишгоҳи байналмилалӣ дар шаҳри Шенчжеэни Чин муаррифӣ мешавад. Ин намошгоҳ беш аз се ҳазор мутахассисони ин соҳаи ҳунарро аз 800 созмони байналмилалӣ, иттиҳодияҳои рассомӣ, донишгоҳҳои 40 кишвари олам гирди ҳам меоварад. Дар он беш аз 5 ҳазор лоиҳа, аз он миён санъати рассомию графика ва пружаҳои марбут ба такмили ихтисос дар хориҷи кишвар муаррифӣ мешаванд. Ҳунарманд Юсуф Сангов танҳо нафарест, ки дар ин намошгоҳи байналмилалӣ аз Тоҷикистон намояндагӣ мекунад ва зимнан ӯ пиромуни вазъи санъати рассомӣ дар ин кишвар ба ҳампешаҳои хориҷии худ маълумот хоҳад дод.