Додситони кулли Покистон генерал Малик Муҳаммад Қайюм ба хабаргузории Франс пресс гуфтааст, ки 29 ноябр раҳбари низомии ин кишвар генерал Парвез Мушарраф ба ҳайси президенти мулкии Покистон савганд ёд мекунад. Ба қавли Кайюм пеш аз савганди раёсатҷумҳурӣ Мушарраф аз мақоми раҳбари артиши Покистон даст мекашад. Генерал Мушарраф соли 1999 дар ҷараёни як табаддулоти низомии бидуни хунрезӣ сари қудрат омадааст. Ҳафтаи гузашта Додгоҳи Олии Покистон пирӯзии Мушарраф дар интихоботи президентии шашуми октябрро тасдиқ намуда, роҳро барои раёсатҷумҳурии панҷсолаи ӯ боз кард.