Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навоз Шариф номзадиашро сабтином мекунад


Нахуствазири собиқи Покистон Навоз Шариф гуфт, ки имрӯз ният дорад, номзадии худро барои ширкат дар интихоботи парлумонии моҳи январ сабти ном кунад. Оқои Шариф, ки соли 1999 аз ҷониби раиси ҷумҳурӣ Парвиз Мушарраф бартараф шуда буд, дирӯз аз Арабистони Саъудӣ вориди Лоҳур шуд ва бо ин ба табъйиди ҳафтсолааш хотима дод. Вай дирӯз дар як муҳити пуршӯру пурэҳсоси пуштибонони сиёсиаш истиқбол шуд. Дар як изҳороти мухтасараш оқои Шариф таҳдид кард, ки ба "диктотурӣ" дар Покистон хотима хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG