Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як соли корҳои ислоҳӣ барои нашри навори қатли инсонҳо


Паҳнкунандаи навори қатли гӯё шаҳрвандони Тоҷикистону Доғистон дар интернет ба як соли корҳои ислоҳӣ маҳкум шуд. Рӯзи гузашта додгоҳи шаҳри Майкопи Русия як сокини Адигея - донишҷӯ Виктор Милковро дар барангехтани бегонаситезию бадбинии динӣ расман муттаҳам донист. Ёдрас мекунем, 12-уми августи соли равон дар сомонаҳои интернетии Русия навори қатли ваҳшиёнаи ду нафар паҳн шуд, ки дар сархати ин навор гуфта мешуд, ин ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва Доғистон мебошанд. Ва аммо мақомоти интизомии Русия то ҳанӯз ҳуввияти қотилону мақтулонро мушаххас накардааст. Созмоне ба ном «Ҳизби натсионал-сотсиалисти Рус», масъулияти ин қатлро ба дӯш гирифтааст.

XS
SM
MD
LG