Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Италия коҳиши камбағалӣ баҳс мешавад


Дирӯз дар пойтахти Италия конфронси якҳафтаинаи Муассисаи кишоварзӣ ва ғизои СММ (FAO) ифтитоҳ ёфт, ки дар он роҳҳои ислоҳи ин муассиса ва коҳиши саросарии камбағалӣ баҳс мешавад. Конфронси мудирони Муассисаи кишоварзӣ ва ғизои СММ як дафъа дар ду сол доир мешавад. Рӯзи шанбе ду кишвар: Андорра ва Черногория ба узвияти ин муассиса пазируфта шуданд. Имсол ҳайъати Русия низ аввалин бор дар конфронс иштирок кард. Русия дар моҳи апрели соли 2006-ум узви ин муассиса шудааст.
XS
SM
MD
LG