Дар ҳоле ки раиси ситоди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Ҳайдар Маҳмадиев мегӯяд, минрӯбон аз қуттии дарёфтшудаи назди Кохи раёсатҷумҳурии кишвар ҳеч чизи шубҳаангез пайдо накарданд ва хабари эҳтимоли бомбагузорӣ дар ин ҷо дурӯғ будааст, ноиби аввали раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Қосим Ғаффоров гуфтааст, қазияи кашфи қуттӣ ва тафтиши он як барномаи тарҳрезишудаи тамринӣ буд ба хотири озмоиши ҳушмандии мардуми пойтахт ва шеваи кори ниҳодҳои амниятию интизомӣ.
Рӯзи панҷшанбеи 15-уми ноябр дар назди Кохи раёсатҷумҳурии кишвар дар самти Театри драмаи русии ба номи Маяковский як қуттии шубҳаангез кашф гардид, ки эҳтимол рафт, бомбае бошад. Ба зудӣ нирӯҳои интизомӣ маркази шаҳри Душанберо ба муҳосира гирифтанд ва ҳаракати нақлиёт дар ин қисмати хиёбони Рӯдакӣ қатъ гардид. Ба ҷои ҳодиса минарӯбон даъват шуданд ва қуттиро тафтиш карданд. Ҳаракати мардум дар ин минтақа ва аккосии ҷои ҳодиса барои хабарнигорон мамнӯъ гашт. Дар пасманзари таркиши назди Кохи ваҳдат дар рӯзи пеш ва ҳалокати як нафар бар асари он ҳодисаи марбут ба қуттии шубҳаангез дар назди Кохи раёсатҷумҳурӣ дар шаҳр ваҳму нороҳатӣ эҷод кард.
Дар ҳоле ки намояндагони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳодисаи дуввумро таҳдид нав ба амнияти шаҳр меноманд, масъули аршади Кумитаи амнияти миллӣ ин ҳодисаро тамрин номидааст. Маълум нест, чаро тамрини аз пеш тарҳрезишуда дуруст дар рӯзе иттифоқ афтод, ки мардуми шаҳр ва кишвар аз хабари такондиҳандаи таркиши рӯзи чаҳоршанбе ба худ наомадаанд. Дар бораи таркиши назди Кохи ваҳдат мақомоти расмӣ ёфтаҳои худро ба таваҷҷӯҳи ом нарасондаанд.
Коршиносон ва мардуми оддӣ пешниҳод мекунанд, ки чораҳои дидбонии амниятӣ дар шаҳр тақвият дода шаванд.
хуб мешуд мушкилиро хал мекардед на ин кт бо нишон додани афсарон балки бо сухбати мардум. ин афсаронамизодаи ин ватананд. афсуски намефахмед
Рохи студентхо кай кушода мешавад?
Барои чи ягон журналист савол намедихад дар вакти мачлис е баромадаш ба президент ки пулхои карз гирифтаро кай месупоред еки Давлат метавонад аз ухдаи ин миллиард доллар карзхо барояд то ки мардум фахманд
Интернети 250 гузарони не кух халал мерасонад не мавч
Чихел паст ман шумода ҳайрон.Ман Билаен истифода мебарам дар як моҳ панҷо сомони интернет чорҷи як моҳ бепул шабу рӯз боз 100 минут ба дигар тарафҳо