Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оҷонсии байналмилалии энержии ҳастаӣ ва Эрон


Оҷонсии байналмилалии энержии ҳастаӣ дар гузориши калидии худ гуфт, ки Эрон дар роҳи ошкорсозии табиат ва ҳаҷми барномаи ҳастаиаш ба пешрафтҳои қобили мулоҳиза даст ёфтааст. Аммо бо вуҷуди ин, Оҷонси мазкур гуфтааст, ки ҳамкориҳои Эрон бо ин ниҳод бештар хусусияти "вокунишӣ", на "ташаббускорона" доштааст. Гузориш ҳокист, ки алорағми тақозоҳои СММ Эрон фаъолиятҳои ғанисозии ураниумро тавсеа дода шумори сентрифугаҳоро то ба 3000 адад расонидааст. Ин теъдод кофист, ки тавлиди саноатии сӯхти ҳастаӣ шурӯъ шавад, мегӯяд Оҷонси вобаста ба СММ.
XS
SM
MD
LG