Дар Тоҷикистон барои кӯшиши ғорати бонк як низомии русиягӣ маҳкум шуд. Низомии яке аз фирқаҳои 201-ум пойгоҳи ҳарбии Русия Александр Устинов бо ҳукми додгоҳи шаҳри Кӯлоб, 200-километрии ҷанубу шарқи Душанбе, равонаи зиндон шудааст. Сержанти хурд Устинов дар моҳи сентябри имсол ҳангоми рабудани роёна ё компутар дар яке аз бонкҳои Кӯлоб боздошт гардидааст. Мақомоти пойгоҳи 201-уми низомии Русия, мустақар дар Тоҷикистон, гуфтаанд, ҷиҳати ҷилавгирӣ аз такрори ингуна ҳодисаҳо миёни нозомиёни ин пойгоҳ, ҳукми додгоҳ алайҳи Устинов дар назди ҳайати афсарону сарбозон эълом шуд.