Дар соатҳои 8:07 субҳи чоршанбе, 14 ноябри соли 2007 дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе таркише рух дод, ки дар натиҷаи он як нафар ҷони худро аз даст дод. Тибқи иттилои пешакӣ - исми қурбонӣ Бобои Иброҳим - фарроши Кохи Ваҳдат будааст. Қосим Ғаффоров, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар сӯҳбати кӯтоҳ бо хабарнигорон дар ҷои ҳодиса гуфт, ки аз рӯи таркиши мазкур парвандаи ҷинойӣ тибқи банди 179-уми Кодекси Ҷиноятӣ, яъне "Терроризм" боз шудааст.
Ба гуфтаи шоҳиди айнӣ, бобои Иброҳим ҳангоми дидани чизе шабеҳи маводи тарканда, онро ботааҷҷуб рӯи даст мегирад ва таркиш дар ҳамин ҳангом сурат мегирад. Аз рӯи ҳаҷми таркиш эҳтимол меравад, ки маводи тарканда мина бошад, мегӯянд шоҳидон. Вале дар ҳоли ҳозир як гурӯҳи ҷустуҷӯии вазорати амният ҳамроҳ бо вазорати дохила ҷузъиёти ҳодисаро таҳқиқ доранд. Феълан дар назди ин сохтмон нирӯҳои полис, кормандони вазоратҳои амният ва умури дохила қарор доранд ва бо муҳосираи маҳалли таркиш, талош доранд асли ҳодисаро мушаххас кунанд. Хабарнигори радиои Озодӣ Носирҷон Маъмурзода аз маҳалли ҳодиса гузориш медиҳад, ки таркиш дар зери тирезаи раиси Кохи Ваҳдат Холмаҳмад Исоев рух дод. Оқои Исоев дар лаҳзаи таркиш дар утоқи кории худ буд, аммо ҷон ба саломат бурдааст. Тамоми тирезаҳои тарафи чапи сохтмони Кохи Ваҳдат шикаста деворҳояш каме зарар дидааст. Кохи Ваҳдат як сохтмони маъмурӣ - қароргоҳи Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ мебошад. Аз рӯи огаҳиҳое, ки дар деворҳои ин сохтмон ба назар мерасад, имрӯз соати 9 бояд Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон дар ин сохмтон як нишастеро барпо мекард, ки дар он меҳмонҳои хориҷӣ ва аз ҷумла, муовини нахуствазири кишвар Хайринисо Юсуфӣ (Мавлонова) бояд ширкат мекард. Дар лаҳзаҳои вуқӯи ин ҳодиса, хонум Юсуфӣ дар сохтмон ҳузур надошт. Дар 200-метрии ин сохтмон сафорати Ӯзбакистон ҳам ҷойгир мебошад.
Ба хотири амнияти муштариёни меҳмонхонаи "Авасто" мақомот ба кӯч додани онҳо ба ҷойҳои амн шурӯъ кардаанд. Ғайр аз ин, нишасте, ки бояд субҳи имрӯз дар Кохи Ваҳдат баргузор мешуд, тибқи иттилои расмӣ, ба маҳалли дигар гузаронида шуд.Ин дар ҳолест, ки раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор аст имрӯз дар ҷаласаи бахшида ба 15-солагии сессияи таърихии 16-ум дар шаҳри Хуҷанд иштирок кунад. Вай қасд дорад бо сафари серӯза дар маркази вилояти Суғд бимонад.