Русия баъди дусад сол ба таври расмӣ ҳузури низомии худро дар қаламрави Гурҷистон бо бастани пойгоҳи охирини низомиаш хотима дод. Андрей Попов, фармондеҳи нирӯҳои низомии Русия дар Гурҷистон бо тасвиби санаде ва таслими он ба мақомоти Тифлис пойгоҳи охирини кишварашро дар шаҳри Батумии вилояти мухтори Аҷария ба поён расонид. Раиси ҷумҳурии Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ соли 2005 бо мақомоти Маскав ба тавофуқ расид, ки пойгоҳҳои русӣ дар хоки кишвараш хотима дода мешаванд.