Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба сокинони нави "Ховарон" қитъаи замин ҷудо шуд


Барои ҳар яке аз 70 хонавода дар маҳаллаи «Ховарон»-и шаҳри Душанбе ба масоҳати 0,03 ҳектор замин ихтисос дода шуд. Бад-ин тартиб шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон аз оғози тадбиқи лоиҳаи марбут ба ободонии маҳаллаи «Ховарон» хабар дод. Барои сохтмони инфиродӣ дар ин маҳалла ҳукумати шаҳри Душанбе ҷамъан беш аз 60 ҳектор замин ҷудо кардааст. Тарроҳӣ ва тақсими қитъаҳо барои сокинони нави «Ховарон» қарор аст то 15-уми декабр ба поён расад. Лоиҳаи ободонии маҳаллаи «Ховарон» дар чаҳорчӯби нақшаи бозсозии Душанбе иҷро мешавад, ки қарор аст манозили даҳҳо хонавода дар маҳаллҳои марказии Душанбе дар ин иртибот тахриб карда шавад.
XS
SM
MD
LG