Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳишгоҳи обу инержии Эрон ва Тоҷикистон


Тоҷикистон ва Эрон ба созиш расиданд, ки як Пажӯҳишгоҳи таҳқиқи захираҳои обро таъсис хоҳанд дод. Ин тавофуқномаро вазири инержӣ ва саноати Тоҷикистон Шералӣ Гулзода ва вазири инержии Эрон Парвиз Фаттоҳ дар шаҳри Душанбе ба имзо расонданд. Ду ҷониб ҳамчунин ризоият доданд, ки бояд сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2 тезонида шавад, зеро Тоҷикистон аз камбуди нирӯи барқ бо мушкил мувоҷеҳ аст. Дар ҳоле ки қарор буд, нирӯгоҳи мазкур дар соли 2012 ба кор дарояд, дар ин дидор созиш ҳосил шуд, ки Сангтӯда-2 бояд то соли 2010 қобили истифода гардад. Ин нирӯгоҳ дар 110-километрии ҷанубу шарқи Душанбе сохта мешавад ва қудрати он 220 мегаватт буда, нархаш 230 миллион доллар аст.

XS
SM
MD
LG