Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

$22 миллиони Бонки осиёии Рушд – ба Хатлон


Дирӯз, 3-вуми ноябр, дар Душанбе дар ҷараёни конфронси 6-уми ҲИМОМ байни ҳукукмати Тоҷикистон ва Бонки осиёии Рушд (БОР) аз рӯи лоиҳаи «Идораи таҳдиди обхезиҳо дар вилояти Хатлон» як тавофуқномаи вомӣ ба имзо расид.

Хабар дода мешавад, ки ҳаҷми умумии ин лоиҳа $27,7 миллионро ташкил медиҳад, ки $22 милиони он воми БОР ва $5,7 миллиони дигар саҳми ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Гуфта мешавад, лоиҳаи мазкур ба беҳбудбахшии вазъи иҷтимоъиву иқтисодии аҳолӣ, коҳиши хатари обхезиҳо ва бозсозии инфраструктураҳои зарарӣ дар минтақаи амали лоиҳа (навоҳии Восеъ, Фархор, Кӯулоб ва Ҳамадонӣ) равона гардидааст, ки дар давоми 5 сол иҷро мегардад.

Гуфта мешавад, ин қарз ба муҳлати 32 сол дода мешавад.

XS
SM
MD
LG