Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фишор болои мусаллаҳони курд афзоиш хоҳад ёфт


Иёлоти Муттаҳида, Туркия ва Ироқ ба ҳамлаҳои мусаллаҳони Ҳизби Коргарони Курдистон ба қаламрави Туркия дар якҷоягӣ муқобилат хоҳанд кард. Дар ин бора Кондализа Райс – Котиби давлатии Амрико дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар салони ҳавопаймо дар роҳ ба Анкара иттилоъ дод. Ҳамзамон ӯ бори дигар аз мақомоти Туркия даъват кард, ки аз ҳамла ба шимоли Ироқ худдорӣ кунанд.

Интизор меравад, ки имрӯз дар Анкара Кондализа Райс бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон – сарвазири Туркия дидору гуфтугӯ кунад ва баъдан дар конфаронс оид ба эътидоли вазъ дар Ироқ ширкат намояд. Қарор аст, ки ин нишаст бо ширкати ҳайатҳои кишварҳои ҳамсояи Ироқ, давлатҳои узви ҳаштгонаи бузург ва бархе аз кишварҳои аврупоӣ имрӯз дар Стамбул ифтитоҳ шавад. Конфаронсҳои қаблӣ оид ба вазъи Ироқ дар фароғатгоҳи Шарм-ул-шайхи Миср ва дар Бағдод доир шуда буданд.
XS
SM
MD
LG