Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Баррасии таҳримҳои Эрон дар Лондон

Имрӯз дар Лондон панҷ узви доимии Шӯрои амнияти СММ, ба изофаи Олмон, барои баррасии эъмоли даври сеюми таҳримҳо болои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба хотири муҷозоти барномаи ҳастаии ин кишвар гирди ҳам меоянд. Пеш аз шурӯи ин нишаст, муовини вазири хориҷаи Амрико Николас Бӯрнс гуфт, Русияву Чин дар давоми чанд моҳ аз кӯшиши эъмоли таҳримҳо болои Эрон ҷилавгирӣ кардаанд. Бӯрнс гуфт, ки вай умед дорад, Русияву Чин ин навбат ба мулоқот бо, ба қавли вай, "иқдоми ҷиддӣ" ҳозир хоҳанд шуд. Эрон даъватҳои Ғарбро барои хатми ғанисозии ураниум рад мекунад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Тарафдорони Берни Сандерс дар Невада зиёдтар будаанд

Баҳси чаҳор довталаб дар аёлати Невада дар рӯзи 19-уми феврал.

Бино ба пешбиниҳо, Берни Сандерс довталаби 78-солаи мақоми раиси ҷумҳури Амрико зоҳиран дар анҷумани Ҳизби Демократ дар аёлати Невада пирӯз шудааст. Ба навиштаи расонаҳои амрикоӣ натиҷаҳои раъйдиҳӣ дар 22 ҳавза нишон додааст, ки Берни Сандерс 46 дар сади раъйи аъзои ҳизб дар Невадаро ба даст овардааст.

Ба Ҷо Байден, муовини собиқи раиси ҷумҳури Амрико 23 дар сад раъй додаанд. Пит Будеҷаҷ, раиси шаҳри Индиана ва Элизабет Воррен, сенатори аёлати Массачусетс дар мақоми саввум ва чаҳорум ҳастанд. Натиҷаҳои раъйдиҳӣ дар Невада аз он ҷиҳат муҳим аст, ки сатҳи тарафдорӣ аз номзадҳо дар саросари Амрикоро нишон медиҳад.

Невада назар ба ду аёлати дигар Ню Ҳемпшир ва Айова, раъйдиҳӣ дар онҳо сурат гирифт, гуногунмиллат аст ва аҳолии бештар дорад. Аммо барои соҳиб шудан ба мақоми номзади Ҳизби Демократ дар интихоботи тирамоҳи имсол дар Амрико довталабон роҳи дарозу ноҳамворе доранд. Ҳар касе, ки аз ҳизб пешбарӣ шуд бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури феълӣ ва намояндаи Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Амрико рақобат мекунад.

Владимир Зеленский рафтори ҳамватанонашро танқид кард

Владимир Зеленский ҳангоми ҳузур дар конфронси амниятии Мюнхен дар рӯзи 15-уми феврали соли 2020.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина гурӯҳе аз мардумеро танқид кард, ки ба ҳамватанону хориҷиёни бозгашта аз Чин ҳамла карданд. Мақомоти Украина рӯзи 20-уми феврал 45 украинӣ ва 27 хориҷиро барои пешгирӣ аз сирояти вируси нави КОВИД-19 ба кишвар баргардонданд.

Дар ҳамин рӯз садҳо нафар аз тарси онки, ин афрод мумкин аст, беморӣ оварда бошанд, бо сангу калтакҳои оҳанин ба автобусҳои онҳо ҳамла карданд. Ҳодиса дар назди шифохонаи Горди Миллии Украина дар 300 километрии шарқи Киев рух дод. Барои монеъ шудан ба издиҳом садҳо маъмури пулисро фиристоданд ва даҳҳо тан аз ҳамлаварону эътирозгаронро дастгир карданд. Нӯҳ маъмури пулис захмӣ шуд ва бисёре аз боздоштшудагонро ҷавоб доданд.

Владимир Зеленский рӯзи 23-уми феврал дар шаҳри Киев гуфт: “Мо пайваста мегӯем, ки Украина дар Аврупо аст. Вале дирӯз чунин ба назар расид, ки мо дар Аврупои асрҳои миёна ҳастем.” Ӯ ҳамчунин гуфт: ”Мо медонем, ки касе барқасдона дар байни мардум воҳима барангехтааст.” Мақомоти Украина гуфтанд, онҳоеро, ки аз Чин оварданд, барои 14 рӯз дар шифохона нигаҳ медоранд ва сипас ҷавоб медиҳанд. Ба қавли мақомот, дар байни ин афрод ҳеҷ касе аломатҳои бемории навро, ки мисли бемории илтиҳоби шуш аст, надорад.

Натиҷаҳои интихоботи порлумонии Эронро эълон мекунанд

Мунтазири раъйдиҳӣ дар яке аз марказҳои интихоботӣ дар шаҳри Теҳрон.

Дар Эрон мардум мунтазири эълони натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ ҳастанд, аммо бисёриҳо шубҳае надоранд, ки дар ин корзорномзадҳои муҳофизакор ва ҷиноҳҳои тундрави сиёсӣ пирӯз мешаванд. Дар интихоботи имсола баръакси солҳои пешин мардуми зиёд ширкат накардаанд.

Дар остонаи интихоботи рӯзи 21-уми феврал мақомоти тундрави интихоботӣ ҳазорон ислоҳталаб ва ё сиёсатмадорони нисбатан мӯътадилро аз ҳаққи ширкат дар интихобот маҳрум карданд. Аз ин рӯ бисёриҳо интизор доранд, ки муҳофизакорону тарафдоронашон аксарияти курсиҳои порлумони Эронро ба даст меоранд.

Кумитаи Миллии Интихобот гуфт, ки қарор аст, натиҷаҳои раъйдиҳӣ рӯзи 23-уми феврал эълон шавад. Ба гуфтаи вазорати умури дохилӣ, номзадҳои муҳофизакор ба раҳбарии Муҳаммад Боқир Қолибоф, раиси собиқи шаҳри Теҳрон дар бисёре аз 30 ҳавзаи интихоботии шаҳр пешсафанд ва мумкин аст, бисёре аз ин курсиҳоро аз худ кунанд.

Мушовираш гуфт, Русия ба Доналд Трамп кӯмак намекунад

Роберт О Брайан аз тарафи дасти рост

Роберт О Брайан, мушовири амнияти миллӣ дар ҳукумати Доналд Трамп мегӯяд, ҳеҷ иттилоеро надидааст, ки нишон бидиҳад, Русия саъй дорад, ба маъракаи интихоботии раиси ҷумҳури Амрико кӯмак кунад. Ӯ дар ин бора рӯзи 22-уми феврал сӯҳбат кард.

Рӯзе пештар аз ин расонаҳои Амрико навиштанд, ки мақомоти хадамоти иттилоотии Амрико ба вакилон гузориш додаанд, ки Русия барои кӯмак ба корзори интихоботии Трамп ва Берни Сандерс, довталаби пешсафи мақоми раиси ҷумҳур аз Ҳизби Демократ пинҳонӣ чораҳоеро амалӣ мекунад.

Доналд Трамп бадхашмона ин гузоришҳоро рад кард ва онро талоши дигари дурӯғпароканӣ аз тарафи вакилони Ҳизби Демократ дар Конгресс номид. Берни Сандерс аз Русия хост, ки ба интихоботи Амрико дахолат накунад. Баёнияҳои Роберт О Брайан дар як мусоҳибаи ӯ бо телевизиони Эй Би Си Нюси Амрико дар рӯзи 23-уми феврал нашр шуд.

Ӯ гуфт: “Мушовири амнияти миллӣ ба иттилооти махфии мо дастрасии хуб дорад. Ман ҳеҷ иттиллоеро надидам, ки Русия ягон коре кардааст, ки Трамп дигарбора интихоб шавад”. Интихоботи раиси ҷумҳури Амрико моҳи ноябри имсол баргузор мешавад.

Дар Афғонистон 10 000 нафар куштаву маҷрӯҳ шудаанд

Ин навраси афғон дар натиҷаи таркиш дар масҷиде дар вилояти Нангарҳор ҷароҳат бардоштааст. Ҳодиса 18-уми октябри соли 2019 рух дод.

Дафтари Созмони Милал дар Афғонистон гуфт, дар соли гузашта бештар аз 10 ҳазор ғайринизомӣ дар ин кишвар куштаву захмӣ шудаанд. Бар асоси гузориши созмон, ки рӯзи 22-уми феврал нашр карданд, аз ин миён бештар аз 3400 нафар ҷон додаанд ва тақрибан 7 ҳазор нафар захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи Созмони Милал, шаш соли пайиҳам аст, ки теъдоди осебдидагон ва қурбониён дар ҷанги Афғонистон аз 10 000 нафар зиёд мешавад. Аммо дар муқоиса ба соли 2018, теъдоди осебдидагон дар соли 2019 5 дар сад камтар шудааст.

Тадамичӣ Ямамото, раиси Дафтари Созмони Милал гуфт, “Муноқишаҳои мудавом ба тамоми ғайринизомиён дар Афғонистон ба навъе асар кардааст.” Ӯ аз тамоми тарафҳо хост, “бо истифода аз фурсат ҷангро бас кунанд.”

Рӯзи 22-уми феврал дар Афғонистон созиши байни Амрико ва Толибон барои коҳиши хушунат барои як ҳафта ба иҷро даромад. Қарор аст, ду тараф барои хотимаи ҷанги тӯлонӣ дар ҳамсоякишвари Тоҷикистон рӯзи 29-уми феврал созиши сулҳ имзо кунанд.

Туркманистон бар ивази беш аз $ 1 миллион аз Бритониё рег мехарад

Туркманистон, ки 80 дарсади қаламраваш аз биёбон иборат аст, омода шудааст, ки наздики 1 миллиону 300 ҳазор доллар маблағро ба ширкати бритониёии Andrew Bowen Ltd пардохт кунад. Ин пули 10 ҳазор тонна рег аст, ки барои сохтани як пойгаи асптозӣ истифода мешавад.

Саймон Боуэн аз ширкати Andrew Bowen Ltd. дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ рӯзи 20 феврал гуфт, ки бар асоси созиши ҳосилшуда бо Туркманистон, ин ширкат бояд то апрели соли ҷорӣ тамоми маводи зарурӣ барои сохтани пойгаи асптозӣ, аз ҷумла 10 ҳазор тонна регро ба Ишқобод интиқол диҳад. Рег аз минтақаи Ланкашири шимолу ғарби Инглистон бурда мешавад.

Боуэн гуфт, ки рег як ҷузъи муҳими сохтмони пойгаи асптозӣ аст ва дар баробари он, барои он инчунин маводи маснуӣ ва мум ҳам лозим мешавад. Боуэн аз ин қабл дар сӯҳбат бо BBC гуфт, ки реги Туркманистон “намуд ва сифати номуносиб дорад”, чун реги Ланкашир барои пойгаи асп бештар мувофиқ мебошад.

Хабарҳо дар бораи хариди ҳаҷми азими рег аз Бритониё дар шароите нашр мешаванд, ки Туркманистон ният дорад бо сабаби мушкилоти иқтисодии кишвар хароҷотро коҳиш диҳад.

Натиҷаҳои пешакии интихоботи Эрон ва ишора ба пешсафии Қолибоф

Теҳрон, як нуқтаи раъйдиҳӣ

Ба назар мерасад, дар интихоботи рӯзи 21 феврали Эрон, ки ҳисобу китоби раъҳо ҳанӯз идома дорад, муҳофизакорон пирӯз мешаванд. Телевизиони давлатии Эрон зимни эълони натиҷаҳои пешакӣ шоми 22 феврал ишора кард, ки муҳофизакорон пеш гузаштанд. Телевизиони давлатӣ, бидуни овардани омор ё рақами муайян, гуфт, ки феҳристи номзадҳои муҳофизакорон ба раҳбарии Муҳаммад Боқир Қолибоф дар интихобот пешсаф аст. Интизор меравад, ки собиқ шаҳрдори Эрон ва сиёсатмадори муҳофизакор раиси нави маҷлис шавад.

Баъди ин ки беш аз 9 ҳазор намояндагони ислоҳотталаб ва нисбатан мӯътадилҳо натавонистанд номзадиашонро сабтином кунанд, натиҷаи овоздиҳӣ дар маҷлис аз назари пирӯзии муҳофизакорон пешгӯишаванда шуд. Комиссиюни интихоботӣ ваъда дод, ки натиҷаҳои ниҳоии интихоботро 23 феврал нашр мекунад. Комиссиюн гуфт, ки беш аз 1 миллион баргаҳо дар 41 ҳавзаи интихоботии саросари кишвар ҳисоб шудааст ва ҳисобу китоб дар 167 ҳавзаи дигари интихоботӣ идома дорад. Дар ҳоле, ки ҳанӯз натиҷаҳои интихобот маълум нест, матбуоти марбут ба муҳофизакорҳову рӯҳониёни рӯ ба ҳукумат ғалабаи номзадҳои худро эълон кардаанд.

Эрон гуфт, нафари панҷуми олуда ба вируси нав даргузашт

Эрон. Бисёриҳо бо ниқоби тиббӣ гаштугузор мекунанд

Рӯзи 22 феврал мақомоти беҳдошти Эрон гуфтанд, ки нафари панҷуми олуда ба вируси нав даргузашт, дар ҳоле, ки ҳодисаҳои гирифторӣ ба ин вирус даҳ адад зиёд шуд.

Киёнуш Ҷаҳонпур, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон ин изҳоротро дар телевизиони давлатии кишвар пахш кард, вале зиёд ҷузъиёт надод. Рӯзи 21 феврал ҳам мақомот аз марги ду нафар фарди олуда ба вирус дар Эрон хабар доданд. Ду ҳодисаи марги аз ин пеш ҳам ҳафтаи ҷорӣ тасдиқ шуда буд. Ҷаҳонпур гуфт, ки аз даҳ ҳодисаи нави олудагӣ ба вирус ду нафарашон сокини Теҳрон ва ҳашт нафарашон сокини Қум мебошанд.

Вазири беҳдошт Мину Муҳраз гуфт, ки вирус эҳтимолан аз кормандони чинӣ сироят кардааст, ки баъди боздид аз Чин ба Қум барои кор баргаштанд. Ӯ ҷузъиёт надод, вале дар Қум як ширкати чинӣ машғули бунёд кардани истгоҳи барқи офтобӣ мебошад. Дар кишвари дигар – Арабистони Саудӣ мақомот гуфтанд, ки сокинону шаҳрвандони ин шоҳигарӣ баъди хабарҳои паҳнавшии вирус ҳақ надоранд ба Эрон сафар кунанд. Он нафароне, ки мехоҳанд баргарданд, аввал бояд аз даври 14-рӯзаи карантинӣ гузаранд.

Дар худи Чин – макони пайдошавии вирус то ҳол шумори фавтидаҳо 2300 нафарро ташкил додааст. Кишвари дигаре бо шумори зиёди қурбониҳо Кореяи Ҷанубӣ аст, ки ин ҷо теъдоди умурии гирифторон 346 нафар мебошад. Дар Итолиё марди 78-солае бар асари коронавирус даргузашт ва ин нахустин ҳодисаи марг бар асари ин вирус дар Аврупо шуд.

Шурӯи "Ҳафтаи бехушунат" дар Афғонистон ва зоҳиран риоя шудани ин тавофуқ

Ашраф Ғанӣ аз ҳафтаи бехушунат ҳимоят мекунад, вале мегӯяд, мубориза нирӯҳо бар зидди дигар шӯришиҳо идома хоҳад ёфт

Созиши «коҳиши хушунат», ки бо Толибон баста шудааст, рӯзи 22 феврал ба назар мерасид, ки риоя шуд ва ин чиз умедвори барои имзои созишномаи сулҳ миёни ИМА ва ташаккули шӯриширо дар ҳафтаи оянда бештар мекунад. Рӯзи ором дар Афғонистон дар ҳоле фаро расид, ки Майк Помпео, котиби давлатии ИМА гуфт, созиши сулҳ рӯзи 29 феврал имзо мешавад ва ҳафтаи «коҳиши хушунат» як шарти ин созиш мебошад.

Изҳороти Помпео мегӯяд, ки ИМА ва Толибон ихтилофҳои сиёсиро баррасӣ карда ба мувофиқа расиданд, ки низоъҳо дар Афғонистон хотима ёбад ва ҳузури низомии ИМА дар минтақа коҳиш дода шавад. Дар изҳороти расмии Толибон ҳам нақшаи имзои созиши сулҳ дар охирин рӯзи моҳи март тасдиқ шуд. Дар изҳороти ин гурӯҳ гуфта шуд, ки созиш рӯзи 29 феврал бо ҳузури нозирони байналмилалӣ имзо мешавад ва ин санад заминаи музокираҳои фарогир бо афғонҳоро фароҳам мекунад. Маълум нест, ки ин музокираҳо кай шурӯъ мешаванд. Дар гузашта Толибон аз гуфтугӯи мустақим бо ҳукумати Афғонистон худдорӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ, ки шоми 21 феврал тавассути телевизион гап мезад, аз ҳафтаи коҳиши хушунат истиқбол кард, вале гуфт, ки нирӯҳои миллӣ дар ҳолати омодабош қарор мегиранд ва бар зидди гурӯҳҳои дигари шӯришии мисли “Давлати исломӣ” ва “Ал-Қоида” амалиёти худро идома медиҳанд.

Аз соли 2001, замоне, ки Толибон аз қудрат барканор шуданд, дар Афғонистон 2400 сарбози амрикоӣ ва даҳҳо ҳазор низомиёни афғон, ҷангҷӯёни ифротгаро ва мардуми мулкӣ кушта шудаанд.

Пулиси Қазоқистон 100 нафарро пеш аз тазоҳурот дастгир кард, ВИДЕО

Шимкент, 22 феврали соли 2020

Полис дар Қазоқистон дар остонаи намоишҳои сартосарии эътирозӣ, ки дар калонтарин шаҳрҳои ин кишвар ташкил шуд, беш аз сад нафарро боздошт кард. Фаъолони ҳизби сабтиномнашудаи Демократӣ ҳангоми боздошташон дар рӯзи 22 феврал дар наздикиҳои маҳалли таҷаммӯъ – майдони марказии Алмаато бо нидои “Озодӣ!” садо баланд мекарданд.

Қазоқистон муддатҳои зиёд аст, ки барои қонунҳои маҳдудкунандаи таҷаммуъҳои ҷамъиятӣ интиқод мешавад. Президент Қосимҷомарт Тоқаев, ки баъди аз мақом канор рафтани Нурсултон Назарбоев дар паи 30 соли раёсатҷумҳурӣ баҳори соли 2019 сари қудрат омад, ваъда дод, ки дар кишвар ислоҳот баргузор мекунад. Дар остонаи раҳпаймоиҳо Ҷонболат Мамай, раҳбари Ҳизби демократӣ боздошт ва ба мӯҳлати се шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд. Дар миёни онҳое, ки рӯзи 22 феврал боздошт шуданд, ҳамсари Мамай - Инга Имонбой низ мебошад.

Қабл аз он ки полис Инга Имонбойро боздошт ва ба мошини полис савор кунад, ӯ ба мардуми ҷамъшуда гуфт:

“Оё аз мо пурсиданд, ки мо мехоҳем номи кӯча ба номи Назарбоев ваё номи пойтахт Нурсултон гузошта шавад? Мо ҳамеша аз болои Кореяи Шимоливу Туркманистон механдидем. Қудрати Назарбоев ҳам хотима меёбад. Ҳизби демократӣ мемонад ва пирӯз мешавад”.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Алмаато мегӯянд, рӯзи 22 феврал дастрасӣ ба Интернет маҳдуд шуд ва телефонҳои мобили сокинон қатъ гардид. Дар маҷмӯъ дар шаҳрҳои Алмаато ва Нурсултон беш аз 100, дар шаҳрҳои Шимкент ва Оқтеппа 20-нафарӣ боздошт шуданд.

Бо ин ки Назарбоев дигар президент нест, ӯ раҳбарии ҳизби ҳокими “Нуротан”-ро ҳамоно ба дӯш дорад ва дар Шӯрои амният то охири умраш раҳбар боқӣ хоҳад монд. Рӯзи баъд аз истеъфои Назарбоев дар таърихи 19 марти соли 2019 бо як қарор ва бар хилофи мухолифатҳои ҷомеа, исми Остона ба Нурсултон табдил шуд.

Маймай, ки як филмсоз аст, дар сӯҳбат бо оҷонсии AFP рӯзи 21 феврал гуфт, ки “дасти кам даҳ узви гурӯҳ” дар ҳафтаи ҷорӣ ба мӯҳлати то панҷ рӯз ба ҳабс гирифта шуданд.

Худи Мамай соли 2017 бар асоси иттиҳоми пулшӯӣ ва он чи ки худаш “як иттиҳоми сохтакоришуда” меномад, ба се соли зиндони шартӣ маҳкум шуд. Ин ҳукм ҳанӯз побарҷо мебошад.

Боздоштҳои эътирозгарон дар Қазоқистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00

Рӯзи 22 феврал як ҷумбиши дигари мухолифин – Интихоби демократии Қазоқистон талош кард дар шаҳри Алмаато раҳпаймоии дуюмро барпо кунад, вале ин дафъа ҳам полис ҳозир шуда пеши роҳи фаъолонро барои барпо кардани намоиши эътирозӣ гирифт. Гузоришҳои ҷудогона дар бораи боздошти ҷонибдорони ҷунбиши Интихоби демократии Қазоқистон дар Нурсултон – пойтахти кишвар хабар доданд. Ин созмон гуфт, ки нақша дорад дар чандин шаҳри Қазоқистон эътироз барпо кунад.

Интихоби демократии Қазоқистон бо қарори додгоҳ дар соли 2018 ҳамчун созмони ифротгаро мамнӯъ эълон шудааст. Рӯзи 20 феврал дафтари додситонии кулли Қазоқистон аз шаҳрвандон даъват кард, ки дар, ба қавли мақомот, раҳпаймоиҳои “ғайриқонунии” Интихоби демократии Қазоқистон иштирок накунанд.

Болат Дембаев, муовини додситони кулл тавассути расонаҳои давлатӣ рӯзи 20 феврал шаҳрвандонро ҳушдор дод, ки сохторҳои ҳифзи қонун “тадбирҳои шадиди ҷилавгирӣ аз раҳпаймоиҳои ғайриқонуниро пиёда мекунанд” ва афзуд, ки ширкатдорони “эътирозҳои ғайриқонунӣ” бо иттиҳомоти маъмурӣ ва ҷиноӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд.




Дар изҳорот гуфта шуд, ки “ҳар иқдом барои ташкил ё ширкат дар маъракаи ҷамъиятии иҷозатношуда саркӯб мешавад. Дафтари додситонии кулл аз шаҳрвандон тақозо мекунад, ки қонунро ҷиддан риоя кунанд ва аз ҳама гуна амалҳои таҳрикомез ва ширкат дар фаъолиятҳои ғайриқонунии ҷамъиятӣ канорагирӣ кунанд”.

Даҳҳо ҷонибдори Интихоби демократии Қазоқистон ва дигар фаъолон дар саросари Қазоқистон дар остонаи гирдиҳамоиҳо ҷариманбандӣ ваё ба мӯҳлатҳои аз 5 то 15 шабонарӯзи ҳабс маҳкум шуданд. Раҳбарии ин ҷунбишро Мухтор Аблязов ба ӯҳда дорад. Ин сиёсатмадор беш аз даҳ сол аст, ки дар Аврупо зиндагӣ мекунад. Ӯ додситонии Қазоқистонро ташаккур кард, ки дар остонаи раҳпаймоиҳо барои ширкатдорони он “як таблиғоте” ташкил кардааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Сезин Синаноглу ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон шуд

Акси Сезин Синаноглу аз вебсайти СММ дар Боснияву Ҳерсоговина

Як дипломати турк дар Тоҷикистон ба ҳайси Ҳамоҳангсози доимии СММ ба фаъолият шурӯъ мекунад. Кори Сезин Синаноглу дар ин мақом 2 март оғоз мешавад. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ як манбаъ дар дафтари СММ дар Душанбе хабар дод. Ӯ гуфт, ки номзадии Синаноглу ҳанӯз чанд моҳи пеш тасдиқ шуда буд. То ҳол ба ҳайси иҷрокунандаи муваққатии ин мақом Пратибҳа Меҳта ифои вазифа мекард, ки ба ҳайси намояндаи доимии Барномаи рушди СММ кор мекунад.

Дар хабарҳои дигар гуфта мешавад, ки номзадии дипломати турк дар мақоми аршади раҳбари СММ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ҳам тасдиқ шудааст. Синаноглу бо як қарори рӯзи 20 феврали дабири кулли СММ Антонио Гутерреш барои раҳбарии барномаҳои СММ ба Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Сезин Синаноглу собиқаи 25-солаи кор дар СММ-ро дорад ва дар гузашта ба ҳайси раҳбари дафтари СММ дар Босния ва Ҳерсоговина, дар мақомҳои раҳбарикунандаи СММ дар Муғулистон, Ироқ, Туркманистон, Қирғизистон кор кардааст. Ӯ хатмкардаи донишгоҳи технологии Ховари Миёна дар Анкара мебошад.

Таъиноти Сезин Синаноглу ба мақоми раҳбари СММ дар ҳолест, ки ин сохтор барои нақши заъифаш дар амри дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва татбиқи барномаҳои марбут ба озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мавриди интиқод аст. Нақши боризи ин созмонро, ки инак 26 сол мешавад дар Тоҷикистон ҳузур дорад, коршиносон бештар ба даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди он пайванд медиҳанд, ки барои барқарорсозии баъдиҷангии кишвар заҳматҳо кашидааст.

Интихоботи Эрон: натиҷаҳои пешакӣ имрӯз маълум мешаванд

Интихобот дар фазои тарс аз паҳн шудани вируси нав ҷараён гирифт

Пешбинӣ мешавад, ки натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи парлумонии Эрон, ки 21 феврал баргузор шуд, пирӯзиро насиби аксар номзадҳои муҳофизакорон хоҳад донист, чун қабл аз раъйгирӣ ҳазорҳо ислоҳталабону номзадҳои нисбатан мӯътадил аслан ба интихобот роҳ дода нашуданд. Натиҷаҳои пешакии интихоботи маҷлиси Эрон қарор аст рӯзи 22 феврал нашр шавад. Мақомот гуфтанд, ки ба хотири имкони овоздиҳӣ ба шумори бештари мардум соати раъйдиҳиро се дафъа дар маҷмӯъ то панҷ соат тамдид карданд. Дар ҷараёни пеш аз овоздиҳӣ рӯҳониён нагузоштанд, ки беш аз 9 ҳазор номзад сабтином шавад. Маҳз ба ҳамин хотир ҳам интизор мерафт, ки бо вуҷуди дархостҳои мақомот мардуми камтаре барои овоз додан пои сандуқҳои раъй мераванд. Дар ҳоле, ки гузоришҳои расмии мақомот дар бораи интихобот ҳанӯз нашр нашудааст, оҷонсии хабарии нимадавлатии Форс гуфт, ки дар овоздиҳӣ дар саросари кишвар 40 дар сади раъйдиҳандагон иштирок карда, дар Теҳрон 30 дарсадро ташкил доданд. Дар ҳоле, ки телевизионҳои давлатии Эрон дар бораи ҳузури густардаи мардум гузориш доданд, оҷонсии олмонии dpa бар пояи шаҳодати мардум дар пойтахти Эрон гуфт, ки аксар нуқтаҳои раъйдиҳӣ холӣ буданд. Барои 290 курсии маҷлиси Эрон 7148 номзад вориди рақобат шуд.

Ҳушдори мақомоти иктишофии ИМА аз дахолати Русия ба интихоботи соли 2020

Апрели соли 2019. Таҳқиқи дахолати Русия ба интихоботи президентии ИМА дар соли 2016

Мақомоти иктишофии ИМА қонунгузорони амрикоиро ҳушдор доданд, ки Русия бо талоши кӯмак ба президент Доналд Трамп дар интихоботи соли 2020 дахолат мекунад.

Нашрияҳои The New York Times, The Washington Post ва AP ба таври ҷудогона рӯзи 20 феврал гузориш доданд, ки чунин ҳушдор дар ҷараёни як ҷаласаи пӯшидаи мақомоти иттилоотии Амрико рӯзи 13 феврал садо додааст.

Онҳо бо такя ба ду мақоми наздик ба нишаст гузориш дода гуфтанд, ки исмашон бояд фош нашавад. Нашрияи The Times навишт, ки ин ҷаласа хашми Трампро ба бор овард ва гуфт, ки демократҳо метавонанд ин иттилоъро бар зидди ӯ истифода кунанд.

Кремлин дар як изҳороти рӯзи 21 февралаш дахолати Русия ба маъракаи интихоботи соли 2020-ро рад кард. Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков рӯзи ҷумъа дар сӯҳбат бо журналистон дар Маскав гуфт, ки ҳушдори мақомоти иттилоотии Амрико дурӯғ аст.

“Ин бахше дигар аз гузоришҳои васвосӣ аст, ки ботаассуф мегӯем, бо наздиктар шудани интихобот бештар садо хоҳанд дод”, гуфт Песков. Ӯ афзуд, “ин ҳама гапҳо бо ҳақиқат ҳеҷ умумияте надорад”.

Мутахассисони соҳаи иктишоф дар Амрико ба ин хулоса омаданд, ки соли 2016 дар маъракаи интихоботии президентӣ Русия дахолат карда буд ва ин дахолат аз роҳи маъракасозӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва рахнакунии имейлҳои раҳбарони ҳизби демократ сурат гирифтааст. Ҳадафи ниҳоӣ – таъмини ғалабаи Трамп ва ба ҳам задани талошҳои номзади демократҳо Ҳилларӣ Клинтон буд.

Он замон Трамп ин хулосаҳоро як “дурӯғ” номид. Ӯ инчунин иттиҳомоти инро, ки дар маъракаи интихоботӣ аъзои тимаш ҳамроҳ бо бархе шахсиятҳои Русия ҳамкорӣ кардаанд, қотеона рад карда буд.

The Times гузориш дод, ки дар нишасти ахири Конгресс дар Вашингтон муттафиқони Трамп ҳушдорҳои амниятиро ба чолиш кашида гуфтаанд, ки президент бо Русия қотеона рафтор мекунад.

Дар як ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Амрико оғози моҳи феврал раҳбари Бюрои федеролии тафтишот Кристофер Врей дар баробари Кумитаи додгустарӣ гуфт, ки дар пешорӯи интихоботи моҳи ноябр Маскав бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар “ҷанги иттилоотӣ” иштирок мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф тафриқаандозӣ дар ҷомеаи Амрико ва эҷоди ихтилоф аст.

Раисони Суғду Бодканд масоили марзиро баррасӣ карданд

Раисони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон мулоқот кардаанд. Дар ин бора пойгоҳи хабарии AKIPRESS.COM рӯзи 21-уми феврал хабар дод. Ин мулоқот дар Бодканд баргузор шудааст.

Ба иттилои манбаъ, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода раиси тозаъйини вилояти Бодканд Алишер Абдураҳмоновро ба муносибати таъйин шуданаш ба ин мақом табрик гуфта, хостори тақвияти робитаҳои дӯстона миёни сокинони минтақа ва беҳтар шудани муносибати ду ҷониб шудааст.

Манбаъ менависад, ки Алишер Абдураҳмонов низ ба зарурати ҳамкориҳои муштарак барои тақвияти дӯстии ду кишвар ва амният дар минтақаҳои марзии ду кишвар таъкид кардааст.

Ду тараф ҳамчунин ба идома фаъолияти комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон барои аломатгузории марзӣ ва низ пешгирӣ аз танишҳои марзӣ таъкид кардаанд. .

Манбаъ менависад, ки ин мулоқот дар чаҳорчӯбаи фаъолияти комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон, ки аз сӯи Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон ва Акрам Мадумаров, ҳамтои қирғизаш роҳбарӣ мешавад, баргузор шудааст.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 976 километрро ташкил медиҳад, ки аз он танҳо 60 дарсадаш муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Миёни ду кишвар тақрибан ҳафтод минтақаи баҳсӣ ва муайяннашудаи марзӣ мондааст. Дар ин минтақаҳо сар ҳар чанд вақт миёни сокинон танишҳо сурат мегирад.

Тошканд ширкатҳои интернетиро водор мекунад, ки маълумоти шаҳрвандонро фош кунанд

Маҷмааи "Шоҳи зинда" дар Самарқанд

Узбекистон эълон кард, ки нақша дорад Facebook, Google ва барномаи ҷустуҷӯгари русии Yandex-ро вазифадор кунад, ки маълумоти хусусии корбарони ин барномаҳои интернетӣ дар қаламрави Узбекистонро ошкор кунанд. Ин қонун монанд ба онест, ки соли 2014 дар Русия аз ҷониби ширкати мухобиротии давлатӣ анҷом шуд. Ин муассиса аз ширкатҳо тақозо намуд, ки иттилои хусусии шаҳрвандон дар қаламрави Русияро дар ихтиёри онҳо гузоранд.

Муовини вазири рушди фанновариҳои иттилоотӣ ва мухобирот Олимҷон Умаров рӯзи 20 феврал гуфт, ки “дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои ҷаҳонӣ” қарор аст “маҳалли ҷойгиршавии дастгоҳҳои серверӣ ва хадамот” ошкор шавад. Умаров иддао кард, ки дар Узбекистон ҷойгир кардани серверҳо суръати интернетро “то 10 баробар” афзоиш медиҳад. Вале мунаққидон мегӯянд, ки чунин қонунҳо дар асл назорат аз болои корбарон ва маводи нашршавандаи онҳо дар шабакаҳои иҷтимоиро афзоиш медиҳад. Соли 2015 ширкати Google бархе серверҳои худро мутобиқ ба қонунгузории Русия ба ин кишвар интиқол дод. Вале бисёр дигар ширкатҳои интернетии ҷаҳонӣ бо чунин қонунҳо розӣ нестанд. 13 феврал додгоҳе дар Маскав ширкатҳои Twitter ва Facebook-ро барои он ки интиқоли серверҳоро ба Русия рад карданд, ҳар якро дар ҳаҷми беш аз 60 ҳазор долларӣ ҷарима бастанд.

Дар Украина интиқоли мардум аз Вуҳан боиси эътирози хушунатомез шуд

Интиқоли мусофирон аз шаҳри Вуҳани Чин – макони пайдошавии вируси марговар - ба шаҳри Новие Санжарии Украина боиси бурузи хушунатҳо аз ҳисоби мардуми маҳаллии эътирозгар шуд. Сокинони минтақаи шарқии Полтава ба нишони эътироз аз ин ки мардуми эҳтимолан олуда ба бемориро ба қаламрави онҳо интиқол додаанд, ба сӯи мардуми овардашуда санг партофтанд ва бо полис вориди даргирӣ шуданд. Мақомоти украинӣ гуфтанд, ки дар дохили ҳавопаймои аз Вуҳан омада 45 шаҳрванди Украина ва 27 хориҷӣ, аз ҷумла, кормандони тиб ва ҳайати халабонҳо буданд. Феълан шаҳрвандии хориҷиҳои овардашуда маълум нест. Президенти Украина Владимир Зеленский дар саҳифаи худ дар Фейсбук рӯзи 20 феврал навишт, ки ҳавопаймо дар фурудгоҳи “Бориспол”-и Киев нишаст анҷом дод ва баъди ин ба Харков парвоз мекунад. Мардуми овардашударо ба ҳолати карантин медароранд. Вай гуфт, ки ҳамаи овардашудаҳо дар як маркази тиббии шаҳри Новий Санжари ба мӯҳлати 14 рӯз дар карантин хоҳанд буд. Автобусҳо дар иҳотаи полис то ба санатория бурда шуданд ва дар роҳ эътирозгарон ба сӯи онҳо сангандозӣ карданд. Феълан маълум нест, ки оё касе дар ин ҳодиса осеб дидааст ё на. Вале полис изҳорот дод, ки нӯҳ афсар ва як мулкӣ ба бемористон интиқол ёфта, 24 эътирозгар боздошт шуд.

Дар Қазоқистон сарбози фирорӣ боздошт шуд

Акс аз як машқи низомӣ дар Қазоқистон

Дар Қазоқистон сарбозеро боздошт карданд, ки бо 30 адад автомати навъи AK-47 ё “Калашников”, 27 тапончаи навъи “Макаров” ва шумори зиёди муҳимоти дигар фирор карда буд. Вазорати умури дохилии Қазоқистон рӯзи 21 феврал гуфт, ки сержанти 24-сола Абилай Балғинбаев рӯзи 19 феврал қисми ҳарбии худро дар шаҳри ҷанубии Шимкент тарк кард ва ҳамроҳаш силоҳу муҳимотро бурд. Вазорат гуфт, ки фирорӣ аз ҷониби полис ва ходимони Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон боздошт шуд. Ҳанӯз маълум нест, ки чаро як сарбози собиқадор даст ба ин кор зад ва ба вижа, силоҳро бо худ бурд. Дар хабари ҷудогона додситонии низомии Қазоқистон гуфт, ки дар заминаи нопадидшавии аслиҳа санҷише ба роҳ мондааст.

Президенти Руминия гуфт, яке аз қурбониҳои ҳамла дар Олмон руминӣ буд

Тобиас Р. - гумонбари ҳамла ба хориҷиҳо дар як қаҳвахонаву чилимхонаи Олмон баъди куштори ҷамъӣ худкушӣ кард

Яке аз қурбониҳои куштори ҷамъии Олмон шаҳрвандони Руминия будааст. Дар ин бора перзиденти ин кишвар Клаус Йоҳаннис рӯзи 21 феврал дар саҳифаи худ дар Твиттер хабар дод. Матуботи ин кишвар гуфт, ки нафари кушташуда Виорел Пауни 23-сола, аз деҳаи Гиоргиуи Руминия будааст. Додситони кулли Олмон гуфт, ки дар ҳамлаи шабонгоҳии 19 феврал дар шаҳри Ҳанау нӯҳ хориҷӣ кушта шуд. Ҳамлагари гумонбарро бо номи Тобиас Р. муаррифӣ карданд. Ин мард, ба гуфтаи муфаттишон, баъди куштори ҷамъӣ ба хонааш баргашта аввал модари 72-солашро кушт ва баъдан худкушӣ кард. Мақомот мегӯянд, ки ӯ танҳо амал мекард ва муфаттишон ин қазияро ҳамчун амали террористӣ арзёбӣ мекунанд. Садри аъзам Ангела Меркел, ки ин ҳодисаро шадидан маҳкум кард, гуфт, ки ҳамлагар “олудаи” ақидаҳои нажодпарастона буд.

Охири шаб дар Афғонистон ҳафтаи "хатми хушунатҳо" шурӯъ мешавад

Дар баландие дар Кобул фурӯшандаи пуфакҳои ранга мунтазири харидор аст. Акс аз 15 январи соли 2020

Аз поёни шаби 21 феврал дар Афғонистон ҳафтаи “коҳиши хушунат” шурӯъ мешавад. Ин созишест, ки миёни Толибон, ИМА ва мақомоти амниятии Афғонистон ҳосил шудааст. Ин тадбир дар асл ҳамчун талош барои эҷоди эътимод дар остонаи имзои созишномаи сулҳи миёни ИМА ва Толибон арзёбӣ мешавад. Қарор аст дар охири моҳи ҷорӣ музокирони дусолаи ИМА ва Толибон, ки соли 2018 дар Қатар шурӯъ шуда буд, ниҳоӣ шавад. Дар сурати имзо шудани созиши сулҳ, бояд нирӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон берун шаванд. Сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Афғонистон Ҷовид Файсал гуфт, бар асоси нақша, коҳиши хушунат бояд миёни Толибон, нирӯҳои байналмилалӣ ва миллии Афғонистон як ҳафта идома кунад. Файсал изҳори умедворӣ кард, ки хатми хушунатҳо мӯҳлати бештар идома мекунад ва роҳро барои оташбаси фарогир дар Афғонистон боз мекунад. Айни замон Файсал гуфт, ки нирӯҳои давлатии Афғонистон иҷрои вазифаҳои худро ҳамарӯза тавре ҳаст идома медиҳанд ва амалиёти низомии онҳо бар зидди гурӯҳҳои дигари шӯришии мисли “Давлати исломӣ” бекор намешавад.

Дар Эрон парлумони навро интихоб мекунанд

Теҳрон, 21 феврали соли 2020

Дар Эрон рӯзи 21 феврал овоздиҳӣ дар интихоботи парлумонӣ ҷараён дорад. Ҳар як номзад пеш аз он ки ба интихобот роҳ ёбад, тасдиқи ҳайати муҳофизакорони Шӯрои нигаҳбонро гузашт. Барои 290 курсии маҷлиси Эрон дар маҷмӯъ 7148 номзад мубориза мебарад. Шӯрои нигаҳбон аризаи тахминан 9 ҳазор нафарро рад кард. Шӯрои нигаҳбон дархости сабтиноми 90 узви маҷлиси амалкунанда барои дубора интихоб шудан ба узвияти маҷлисро рад кард. Дар миёни онҳое, ки посухи рад гирифтанд, асосан номзадҳои мӯътадил ва ислоҳотталаб мебошанд. Дар остонаи овоздиҳӣ ИМА панҷ узви Шӯрои нигаҳбонро, ки масъули ветогузорӣ ба номзадҳои интихоботӣ мебошанд, таҳрим кард. Браян Ҳук, намояндаи вижаи Департаменти давлатӣ дар умури Эрон гуфт, ки ин масъулон ба он хотир таҳрим шуданд, ки намегузоранд мардуми Эрон интихоботи озоду одилона дошта бошанд. Овоздиҳӣ дар Эрон соати 8 субҳ шурӯъ шуда то 6 шом идома мекунад. Интихоботи парлумонии Эрон барои рӯҳониёни муҳофизакори ҳоким як имтиҳони маҳбубият дар миёни мардум дониста мешавад.

Ҳалокати раиси додгоҳи Истаравшан дар як садама

Шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд.

Раиси додгоҳи шаҳри Истаравшан Содиқҷон Ваҳҳобзода бар асари садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, ба ҳалокат расидааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳодиса шаби гузашта дар наздикии деҳаи Фирдавсии ноҳияи Шаҳристон рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, худраве, ки раиси Додгоҳи Истаравшан савори он буд, бо "Дулан"-и канори роҳ бархӯрдааст. Бар асари ин ҳодиса ду нафар ҳалок ва ду тани дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористони Истаравшан бистарӣ шудаанд.

Содиқҷон Ваҳҳобзода декабри соли 2017 бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмон аз вазифаи раиси додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов озод ва раиси додгоҳи шаҳри Истаравшан таъйин шуда буд.

Радиои Озодӣ надодани иҷозаи кор ба хабарнигоронро дар Қазоқистон танқид кард

Санат Урналиев, хабарнигори Радиои Озодӣ дар Қазоқистон ду сол пеш аз сӯи пулис боздошт шуда буд. Акс аз бойгонӣ.

Радиои Аврупои Озод / Радиои Озодӣ мақомоти Қазоқистонро барои надодани иҷозатномаи кор ба ду хабарнигори ин радио дар Қазоқистон танқид ва ин иқдоми мақомоти Қазоқистонро талоши дахолат ба фаъолияти радио номид. Мақомоти Қазоқистон ба Санат Урналиев ва Мария Мелникова иҷозаи кор надоданд.

Ҷеймӣ Флай, президенти Радиои Озодӣ дар номае рӯзи 19-уми феврал ба унвонии вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ тасмими надодани иҷозаи корро "худсарона" ва "охирин нишонаи амалҳои ғайриқонунӣ" нисбати рӯзноманигорон унвон кард.

Оқои Флай гуфт, Санат Урналиев, яке аз ду хабарнигоре, ки иҷозаи кор дарёфт накардааст, рӯзноманигори дар сатҳи байналхалқӣ эътирофшуда аст ва аз соли 2014 ба ин тараф дар бахши қазоқии Радиои Озодӣ кор мекунад.

Президенти Радиои Озодӣ дар номааш навиштааст, ки сарпечӣ кардани мақомот аз додани иҷозаи кор монеи инъикоси ҳаводиси дохили Қазоқистон мешавад.

Ҷеймӣ Флай ҳамзамон аз фишор ва таъқиби рӯзноманигорон аз сӯи мақомоти Қазоқистон дар соли 2019 танқид кард. Вай навиштааст, ки ин фишорҳо то он ҳад "ҷиддӣ ва зиёд" буданд, ки сабаб шуданд, ба дастгоҳи раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев расман шикоят бурда шавад.

Ҷеймӣ Флай гуфт, мақомоти Қазоқистон мисли мақомоти Тоҷикистон намехоҳанд, ба хабарнигорон иҷозаи кор диҳанд. Ва мақомоти ин ду кишвар "аз аккредитатсия ҳамчун абзори назоратии фаъолияти радио" истифода мекунанд. Айни ҳол ҳафт хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар интизори дарёфти иҷозатномаи кор ҳастанд.

Флай аз мақомоти Қазоқистон хост, ки фавран ба хабарнигорони Радиои Озодӣ иҷозаи кор диҳанд ва уҳдадориҳои байналхалқии Қазоқистонро иҷро кунанд.

Узбекистон шомили сегонаи бузургтарин содиркунандаҳои либос ба Қазоқистон шуд

Як корхонаи истеҳсоли атлас дар Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Узбекистон дар соли 2019 ба Қазоқистон 10 ҳазор тонна либос содир кардааст. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд. Ҳаҷми умумии воридоти саноати сабуки Қазоқистон дар соли 2019 бештар аз 670 миллион доллари ИМА (наздики 62 ҳазор тонна)-ро ташкил додааст.

Қариб нисфи ин маҳсулот (31 тонна) аз Чин ворид мешавад. Ба ибораи дигар, Чин ба Қазоқистон дар ҳаҷми бештар аз 181 миллион доллар либос фурӯхтааст.

Мақоми дувумро Русия соҳиб шудааст, ки ба Қазоқистон 10,5 ҳазор тонна либос ворид кардааст. Русия дар ин ивази ин маҳсулот 195 миллион доллар даромад дидааст.

Ҳарчанд Узбекистон ба сегонаи бузургтарин содиркунандаи маҳсулот ба Қазоқистон ба ҳисоб рафтааст, аммо қариб 10 баробар даромади камтар дидааст.

Қазоқистон ҳамзамон аз Туркия, Бангладеш, Белорус ва кишварҳои дигар ҳам либос ворид мекунад.

Боздошти 6 қирғизистонӣ бо гумони терроризм дар Москва

Пулиси Русия. Акс аз бойгонӣ.

Шаш шаҳрванди Қирғизистонро дар шаҳри Москваи Русия бо гумони терроризм боздошт карданд. Дар ин бора расонаҳои русӣ бо истинод ба хадамоти матбуотии додгоҳи пойтахти Русия иттилоъ додаанд.

Додгоҳи Мешанскийи Москва гумонбаронро то 17-уми марти соли равон ба ҳабси пешакӣ гирифтааст. Қирғизистониҳо ба ташкили гуруҳи экстремистӣ айбдоранд.

Хадамоти матбуотии сафорати Қирғизистон дар Русия гуфт, шахсияти боздоштшудаҳо ва қазияро таҳқиқ доранд.

Мушовири пешини Трамп 3 солу 4 моҳ зиндонӣ шуд

Роҷер Стоун, мушовири пешини Доналд Трамп.

Додгоҳе дар ИМА мушовири пешини президент Доналд Трамп -- Роҷер Стоунро 3 солу 4 моҳ аз озодӣ маҳрум кард. Ӯ пештар дар додани баёноти дурӯғ ба Конгресс, монеи адолат шудан ва фишор овардан ба шоҳидон айбдор дониста шуда буд.

Айбҳои зидди Стоун ба тафтишоти додситони махсуси Амрико Роберт Мюллер дар бораи эҳтимоли дахолати Русия ба интихоботи он кишвар рабт дорад. Дар асоси ин тафтишот пештар низ чандин узви ситоди Трамп ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Стоун дар ҷаласаи Палатаи намояндагони ИМА дар бораи иртиботи худ бо сомонаи WikiLeaks, ки компютерҳои Ҳизби демократро рахна ва санадҳоеро нашр карда буд, баёноти дурӯғ додааст. Тавре муайян шуд, Стоун медонистааст, ки WikiLeaks санадҳои дуздидашуда аз компютерҳои Ҳизби демократро дар ихтиёр дорад.

Додситон барои мушовири 67-солаи пешини Трамп аз 7 то 9 соли зиндонро талаб карда буд. Ин дархост хашми Трампро ба бор овард. Додситони кулли ИМА Уилям Барр дастур дод, ки ҳукм бозбинӣ шавад. Дар натиҷа чаҳор додситон, ки парвандаро тафтиш мекарданд, истеъфо доданд. Демократҳо Трампро дар монеъ шудан ба адолат айбдор карданд.

Ёфтҳои бештар

Барномаи Радиои Озодӣ дар Радиои Имрӯз аз 21-уми феврали соли 2020
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:10:07 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Барномаи Радиои Озодӣ дар Радиои Имрӯз аз 21-уми феврали соли 2020
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

"Намедонам, имсол ҳоли мо чӣ мешавад?"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00
XS
SM
MD
LG