Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳо барои коҳиши таниш


Талошҳои дипломатӣ барои коҳиш додани таниши миёни Туркияву Ироқ дар масъалаи шӯришиёни курд идома дорад. Масъуди Боризонӣ, раҳбари минтақаи мухтори Курдистони Ироқ гуфт, дар сурате, ки Ҳизби ғайриқонунии Коргарони Курдистон ҳама ташаббуси сулҳомезро ба хотири рафъи бӯҳрони бо Туркия эҷодшуда рад кунад, чун як "ташаккули террористӣ" арзёбӣ хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол, нахуствазири Ироқ Нурӣ-ал-Моликӣ гуфт, ки вай ният дорад шурӯъ аз имрӯз дар конфронси дурӯзаи бахшида ба масоили Ироқ ширкат кунад, ки дар Истамбули Туркия баргузор хоҳад шуд. Парлумони Туркия ахиран ба артиш иҷоза дод, ки ба хотири муқобила бо шӯришиёни Ҳизби Коргарони Курдистон ба Ироқи шимолӣ ҳуҷум кунад. Тибқи иттиҳоми Туркия, ҷангиёни ин гурӯҳ дар Ироқи Шимолӣ панаҳ мебаранд.
XS
SM
MD
LG