Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши автобуси мусофиркаш дар Толятти


Мақомоти Русия мегӯянд, бар асари таркиши як бомб дар автобуси мусофиркаше дар шаҳри Толятти дасти кам ҳашт нафар кушта ва тақрибан 50 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Муфаттишони рус ин ҳодисаро амали террористӣ медонанд. Шаҳри Толятти, ки дар 1000 километрии ҷанубушарқи Маскав воқеъ аст ва корхонаи бузурги мошинсозии Автоваз дар онҷост. Ин шаҳр борҳо шоҳиди муноқишаҳои мусаллаҳонаи гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ шудааст, ки барои тавсиаи нуфуз мубориза мекунанд.

XS
SM
MD
LG