Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори «Tajik Air» ба Русия


Ширкати ҳавонавардии Тоҷикистон «Tajik Air» ба ширкатҳои ҳавонавардии Русия ҳушдор додааст, ки, агар то 28-уми октябр ширкатҳои ҳавонавардии русӣ ба парвози «Боинг»-ҳои Тоҷикистон ба шаҳрҳои ин кишвар иҷоза надиҳанд, парвози «Боинг»-ҳои Русия низ ба Тоҷикистон мамнӯъ хоҳад гардид.

Мудири «Tajik Air» Ҳокимшо Тиллоев мегуяд, Русия бо овардани баҳонаҳои норавшан парвози ин ҳавопаймоҳои Тоҷикистонро ба қаламрави худ ба таъхир андохтааст ва дар ин робита то кунун шартеро ҳам пешниҳод накардааст.

Гуфта мешавад, «Tajik Air» ба хотири нисбат ба «Ту-134» шароити беҳтар доштани «Боинг» (махсусан аз лиҳози сарфаи маводди сӯхт) ахиран ду адад аз ин ҳавопайморо харидорӣ намудааст.

Дар ҳамин ҳол Замира Давлатова, масъули дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, ки ин масъала хеле ҷиддӣ буда, танҳо марбут ба ҳавопаймоҳои навъи «Боинг»-и ҳарду кишвар мебошад.

XS
SM
MD
LG