Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи 1500 мардикори тоҷик аз Русия


Тайи ду соли ахир беш аз 1500 муҳоҷири кории тоҷик аз Русия ихроҷ карда шудааст.

Дар ин бора раиси хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимов иттилоъ додааст. Ба гуфтаи вай, бахше аз ихроҷшудагон бори дуввум аст, ки аз ин кишвар берун карда шудаанд.

Бино ба иттилоъи расмӣ, дар давоми 4-5 соли ахир беш аз 50000 нафар мардикорони тоҷик аз хоки Русия ронда шудаанд. Тибқи қонуни Русия дар бахши муҳоҷират, ихроҷшудагон барои 5 сол ҳақи ворид шудан ба ин кишварро надоранд.

XS
SM
MD
LG