Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назархоҳии конститутсионии Қирғизистон доир шуд


Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон мегӯяд, ки дар назархоҳии конститутсионии имрӯза раъйдиҳандагони ин кишвар фаъолона ширкат меварзанд. Ба гуфти ин ниҳод то нисфирӯз беш аз 70 дар сади мардуми дорои ҳаққи овоздиҳӣ дар референдум иштирок намуданд.

Дар Қирғизистон ду миллиону ҳафтсад ҳазор нафар ҳаққи овоздиҳӣ доранд. Нозирони мустақил изҳор намудаанд, ки дар ҷараёни назархоҳӣ ҳодисаҳои тақаллуб ба қайд гирифта шуд.

Дар сурати қабули сарқонуни нави Қирғизистон аз ин ба баъд дар ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ интихоботи парламент бар асоси рӯйхати ҳизбӣ ҷараён хоҳад гирифт.

Вале мухолифини қирғиз мегӯянд, назархоҳӣ як василаи таҳкими қудрати президент Қурмонбек Боқиев мебошад. Онҳо аз тарафдоронашон хостаанд, ки бар зидди Конститутсияи нав овоз диҳанд.

Тахмин мешавад, ки имшаб натиҷаи назархоҳӣ эълон мешавад. Бар замми 2190 ҳавзаи овоздиҳӣ дар дохили ин кишвар тамоми сафоратҳову консулгариҳои Қирғизистон дар хориҷа ҳамчун ҳавзаи овоздиҳӣ истифода мешаванд. Референдуми Қирғизистонро 130 нозири байналмилалӣ ва беш аз 10 ҳазор нозири маҳаллӣ муроқибат мекунанд.
XS
SM
MD
LG