Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯён дубора ба пахтачинӣ рафтанд


Донишҷӯёни Донишгоҳи ба номи Носири Хусрави шаҳри Қурғон-теппа баъди баргаштан аз пахтачинӣ дубора ба пахтазорони ноҳияи Носири Хусрав фиристода шуданд.

Толибилмони ин донишгоҳ, тибқи дастури вазорати маъорифи кишвар, ахиран тайи як моҳ ба пахтачинӣ машғул буданд ва рӯзи Иди Фитр ба хонаҳояшон баргашта буданд.

Худи донишҷӯён шиква кардаанд, ки дар як шароити вазнин кор мекунанд ва аз оби тозаву озуқаворӣ танқисӣ мекашанд. Гуфта мешавад, баъзе аз онҳо сармо хурдаанд.

XS
SM
MD
LG