Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши воридоти дорувори қалбакӣ дар Панҷакент


Муъовини сардори беморхонаи марказии ноҳияи Панҷакент Абдусомеъ Ортиқов гуфт, санҷишҳо собит кардааст, ки беш аз 50 дар сади доруворие, ки аз хориҷ ба минтақа ворид мешавад, тақаллубӣ мебошад.

Вай афзуд, воридоти доруҳои қалбакӣ торафт меафзояд ва ин боиси нигаронии пизишкони минтақа гаштааст.

Гуфта мешавад, дар минтақаи Зарафшон ҳудуди 20 дорухона фаъолият мекунад, ки танҳо 4-тоашон барои савдои дорувор иҷозатномаи расмӣ доранд.
XS
SM
MD
LG