Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бангладеш 1 -1 Тоҷикистон. Бозӣ анҷом ёфт


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон нахустин бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2010-ро бо тими миллии Бангладеш бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 анҷом дод.

Бозии аввали ин дастаҳо рӯзи 8-уми октябр дар шаҳри Дакка баргузор шуд. Нахуст ҳисобро бозигари тими мизбон Зумратул Ҳусейн Миту дар дақиқаи 50-ум боз кард. Вале баъди 8 дақиқа ҳамлагари дастаи меҳмон Нӯъмонҷон Ҳакимов аз пенолти ё ҷаримаи ёздаҳметра ҳисобро баробар намуд.

Ҳайати дастаи Тоҷикистон дар ин бозӣ чунин буд: Муканин,Чориев, Қосимов, Фарҳод Восиев, Рустамов, Ҷабборов(капитан), Маҳмудов, Саидов, Ҳакимов (Тухтасунов, 87), Баротов (Фатҳуллоев, 64), Ортиқов (Восиев, 46).

Бозии ҷавобии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Бангладеш рӯзи 28-уми октябр дар шаҳри Душанбе барпо мегардад.

XS
SM
MD
LG