Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Қирғизистон аз Созмони милал


Қирғизистон аз СММ дархост кард, ки барои рушди кишварҳои кӯҳистонӣ стротегияи вижаи қобили қабулро дар пеш бигирад.


Эднон Қаробев - вазири хориҷаи ин кишвар зимни суханронии худ дар Маҷмаъи умумии СММ изҳор дошт, ки барномаҳои рушди СММ дар манотиқи куҳистонӣ натиҷаҳои дилхоҳ надодаанд.


Вай афзуд, кишварҳои куҳистонӣ дар рушди иқтисоди худ ба душворӣ ру ба ру ҳастанд, зеро ба таври комил наметавонанд аз захоири табии худ истифода кунанд.


Эднон Қаробоев-вазири хориҷаи Қирғизистон аз СММ дархост кард, ки барои баррасии мушкилиҳои кишварҳои куҳистонӣ мулоқоти раҳбарони кишварҳои ҷаҳонро баргузор кунад.
XS
SM
MD
LG