Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина ва такрори дарсҳои гузашта


Агар укроинҳо ба ваъдаҳое, ки имрӯзҳо аз тарафи аҳзоби сиёсии гуногун садо медиҳанд, бовар кунанд, барояшон фарқе нахоҳад дошт, ки дар интихоботи рӯзи якшанбе пирӯзӣ насиби кӣ мешавад. Зеро ҳамаи аҳзоб тамаркузи асосиро рӯи барномаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд ва ваъда медиҳанд, ки агар баранда шаванд, музди кор, нафақа, бурси дониҷшӯӣ, кумак ба оилаҳои серфарзанд ва ҷубронпулиҳоро ба маротиб зиёд хоҳанд кард. Аммо аз рӯи назарсанҷиҳои ахир интихоботи порлумонии зудҳангом гумон аст, чизеро ҷиддан тағйир диҳад. На дар ҳаёти иҷтимоӣ ва на дар саҳнаи сиёсӣ. Се пешсаф, ки маълум шудаанд, собиқадорони ин саҳнаанд -- ҳизби ҳокими "Минтақаҳо"-и сарвазир Виктор Янукович, эътилофи "Украинаи мо"-и президент Виктор Юшченко ва блоки Юлия Тимошенко, собиқ шарики Юшченко дар инқилоби норанҷӣ.

Мардуми Укроинро имрӯзҳо эҳсоси шиносе фаро гирифтааст. Бори чаҳорум аст, дар се соли охир онҳо бояд барномаҳои сиёсии эътилофҳои гуногунро баррасӣ кунанд ва тасмим гиранд, ки раъйи худро ба кӣ хоҳанд дод. Кӣ хуб аст ва кӣ бад. Ин се сол пур аз эътирозҳои оммавӣ ва кашокашҳо дар порлумон буданд, президент ҳукуматро эътироф намекард, ҳукумат ба тарафдорони президент фишор меовард ва монанди инҳо. Вале ончи мардумро розӣ нигоҳ медорад, рушди иқтисодиёт аст, ки шашуним дарсадро ташкил дода, сармоягузории хориҷӣ дар нимсолаи аввал 50 дарсад бештар шудааст. Аксарият ин рушдро хидмати ҳукумат намедонанд, зеро ҳукумат ғолибан гӯё вуҷуд надошт. Аз сӯи дигар дар сатҳи 250 доллар боқӣ мондани музди миёна низ наметавонад, рушди иқтисодиётро барои ҳар оила ба мояи ифтихор табдил диҳад. Аз сӯи дигар ҳукумат дар се соли гузашта тавонист, як қисми зиёди пасандозҳои "сӯхта"-и давраи шӯравиро дар шакли пул ё лағви пардохтҳои коммуналӣ ба мардум баргардонад. Лекин таври маълум интихобкунанда ҳамеша ҳақ дорад, норозӣ бошад. Пас оё мардум ба интихобот хоҳанд рафт ва барои кадом барнома раъй хоҳанд дод?

Шореҳи умури укроин дар Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ, Як Максимюк ширкати интихобкунандагонро дар сатҳи 70 дарсад тахмин мезанад: "Ба фикрам, укроинҳо аз сиёсат қадре хаста шудаанд ва гумон надоранд, интихобот хеле чизҳоро иваз хоҳад кард. Албатта, ба овоздиҳӣ хоҳанд рафт, вале на барои барномаҳо, зеро ба барномаҳо бовар надоранд, аммо аз рӯи номуси сиёсӣ ва барои рамзҳои сиёсии муайян, ки дар симои се чеҳраи саршинос бозтоб ёфтаанд."

Юшенко, Янукович ва Тимошенко. Ин аст, манзури ҷаноби Максимюк. Тарафдорони ин сегона талош доранд дар арафаи интихобот рағбати мардумро ба раъйдиҳӣ бедор кунанд ва тақвият диҳанд. Як тамоюли аҷиб ин аст, ки мардум на ба мубаллиғони чеҳраҳои саршинос, балки бештар ба фолбину мунаҷҷимон таваҷҷӯҳ доранд ва мехоҳанд, ояндаро аз онҳо бипурсанд. Нашрияҳои Укроин пур аз мусоҳиба бо чунин ояндабинҳоу ғайбдонҳо шудааст. Яке аз онҳо, Олена Оспиенко мегӯяд, аз рӯи зодрӯзи сиёсатмадорон ояндаи онҳоро метавонад дақиқан муайян кунад. Марказҳои шартбандаки варзишӣ, ки пештар дар онҳо барои натиҷаҳои сабқати футболи Барселона-Зарагоза пулакӣ шарт мебастанд, ҳоло бо шартбандиҳои сиёсӣ машғуланд. Сиёсат ба мӯди рӯз ҳам таъсир кардааст. Кулоҳу куртаву шиму боронии норанҷӣ дар кӯчаҳои бештар шуда, ҳатто пойафзоли норанҷӣ дида мешавад. Рамзи сурхи дил низ дар ҳар тараф ба чашм мехӯрад. Ва парчаму шиорҳои сафеду кабуд ин бор саросари Майдон -- зодгоҳи инқилоби норанҷиро фаро гирифтаанд. Раҳгузарони Киев бо ҳам шӯхӣ мекунанд, ки Янукович пешдастона Майдонро ишғол кардааст, яке агар зарурати эътироз аз беадолатиҳо дар интихобот пеш ояд.
XS
SM
MD
LG