Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масоили доғи ҷаҳон аз диди Ҷорҷ Буш


Ҷорҷ Буш эълон кард, ки Амрико алайҳи раҳбарони ва тарафдорони режими низомии ҳоким бар Мянмар (Бирмаи собиқ) таҳримоти наву шадидтар ҷорӣ кардааст. Оқои Буш гуфт, хунтаи низомии Мянмар соли 19-ум аст, ки борони тарсу ҳаросро бар сари он кишвар мерезад.

«Амрикоиҳоро авзоъ дар Бирма ба хашм овардааст, - гуфт Ҷ. Буш. - Дар он ҷо хунтаи низомӣ 19 сол боз болои мардум борони тарсу ҳаросро мерезад. Озодиҳои аслие, чун озодии баён, озодии гирдиҳамоӣ ва озодии иҷрои фаризаҳои мазҳабӣ хеле маҳдуд шудаанд».

Раииҷумҳури Амрико ҳамзамон аз дигар кишварҳо даъват кард, то ба хотири даст ёфтан ба пешрафти демократия дар ин кишвар фишорро болои режими низомии ҳоким дар онҷо биафзоянд. Мянмар ин шабу рӯз шоҳиди раҳпаймоиҳову намоишҳои эътирозии барои солҳои ахир бесобиқае ба раҳбарии рӯҳониёни буддоӣ алайҳи режими низомиест, ки бар ин кишвар ҳукумат мекунад.

Имрӯз Бан Ги Мун, дабири кулли СММ, низ аз раҳбарони низомии Мянмар даъват кард, ки дар қиболи тазоҳургарон хештандории комил нишон диҳанд ва масоилро аз роҳи музокирот ва гуфтугӯ бо мардум ҳаллу фасл кунанд.

Ҷорҷ Буш дар суханрониаш дар Маҷмаъи кулл ба масоили гармшавии ҷаҳон ва тағйири иқлим, ҷилавгирӣ аз густариши бемории қаттоли камбуди масунияти бадан ё худ AIDS ва ҳамин тавр табларза низ дахл кард.

Ӯ ҳамчунин аз ҳамаи кишварҳо даъват кард, ба хотири шикаст додани иделужии сиёҳи терроризм дар муборизаи ҷаҳон алайҳи даҳшатафканӣ аз як гиребон сар бароранд.

Ҷорҷ Буш бо даъват аз аъзои СММ ҷиҳати содиқ мондан бар уҳдадориҳои худ дар қиболи Ироқу Афғонистон ва Лубнон таъкид карда гуфт: «Тундравон ба хотири шикастани ин демократияҳои ҷавон тамоми кореро, ки аз дасташон меояд, анҷом медиҳанд. Мардум дар Лубнон ва Афғонистону Ироқ аз мо кумак мехоҳанд ва истодан дар паҳлуи онҳо масъулияти ҳар яке аз кишварҳои мутамаддин аст».

Президенти Амрико ҳамчунин хостори ислоҳоти сохтори СММ, аз ҷумла Шӯрои Амният ва Шӯрои ҳуқуқи башар, ба хотири боло бурдани муассирияти фаъолиятҳои ин созмон шуд. Ӯ инчунин иддаъо кард, ки СММ ба густариши озодӣ дар саросари ҷаҳон зарурат дорад ва бояд алайҳи кишварҳои худкомае назири Беларус, Куриёи шимолӣ, Сурия ва Эрон амал кунад. Ба гуфтаи оқои Буш, ин кишварҳо мардумони худро аз озодиҳое, ки СММ ба аҳли ҷаҳон ваъда намудааст, маҳрум кардаанд.

Ва аммо ба таври ғайриинтизор ин бор президенти Амрико дар суханрониаш аз минбари СММ ба мавазӯъи Эрон зиёд дахл накард ва ғайри ин мавриде, ки ӯ Теҳронро ба нақзи аслҳои Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар муттаҳам мекард, дигар аз исми Эрон мушаххасан ном набурд. Ба таври ғайричашмдошт Ҷорҷ Буш ин бор барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Эронро низ мушаххасан ба боди интиқод накашид ва танҳо дар як маврид ба зарурати таваҷҷуҳи ҷидди ҷаҳон ба масъалаи густариши силоҳҳои куштори ҷамъӣ таъкид кард, вале бидуни бурдани исми Эрон.
XS
SM
MD
LG