Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Freedom House: Русия давлати демократӣ нест


Созмони «Фридом Ҳауз» ва ё «Хонаи Озодӣ» аз вазъи ҳуқуқи башар дар Русия ва фишори афзояндаи ҳукумат болои ҷомиъаи шаҳрвандӣ изҳори нигаронӣ кардааст.


«Таҳлили вазъи Русия дар ду соли ахир собит мекунад, ки онро ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон кишвари демократӣ номид» - омадааст дар баёнияи ин созмони мустақар дар Иёлоти Муттаҳида. Ҳомиёни ҳуқуқи башар, аз ҷумла, ба мушкилот дар роҳи аҳзоби мухолиф барои вуруд ба парламент ва мушкили дарёфти муҷаввиз аз сӯи расонаҳои хабарӣ ишора кардаанд.
XS
SM
MD
LG