Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лағви қарори фурӯши "Тоҷикхимпром"


Ҳукумати Тоҷикистон натоиҷи музоядаи байналмилалиеро, ки дар он корхонаи «Тоҷикхимпром» ба ширкати бритониёии «Енҷик химикал» фурӯхта шуд, эътироф накард ва қарори музояда дар бораи баранда шудани ширкати бритониёиро лағв намуд. Ва ҳамакнун, ба қавли Муҳаммадшариф Нозимов, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, ба гумони ғолиб, дар музояда ё тендери оянда, ки корхонаи «Тоҷикхимпром» ба фурӯш гузошта мешавад, авлавият ба ширкату сармоягузорони ватанӣ дода хоҳад шуд. Ӯ мегӯяд, эҳтимол, аз ҳамин нуктаи назар ҳукумати Тоҷикистон протоколи натиҷаи фурӯши корхонаи Ёвонро ба бритониёиҳо беэътибор донистааст.


Бо ин ки корхонаи «Тоҷикхимпром» дар моҳи июн ба фурӯш гузошта шуд, барномаи хусусигардонии корхонаҳои азими саноатии кишвар шурӯъ гардид, ки қарор аст, он то охири соли 2009 ба анҷом расад. Ширкати бритониёии «Енҷик химикал» пардохти ҳудуди даҳ миллион сомонии баҳои корхонаи «Тоҷикхимпром»-ро таъйид карда ва ҳамзамон тасмим гирифта буд, ки то соли 2009 ба маблағи 20 миллион доллари амрикоӣ таҷҳизоти нав ба корхона ворид мекунад ва то поёни ҳамин сол ҳамаи қарзҳои корхонаи «Тоҷикхимпром»-ро дар назди мақомоти барқу гоз ва молиёт ба маблағи беш аз 26 миллион сомонӣ пардохт мекунад.


«Тоҷикхимпром» ягона корхонаи истеҳсоли маводи кимиёвӣ дар Тоҷикистон ва минтақа аст. Маҳсули тавлидоти ин корхона дар солиёни пеш аслан ба хориҷа содир мешуд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG