Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо Мянмарро таҳрим мекунад


Cарбозони ҳукумати Мянмар.

Иттиҳодияи Аврупо алайҳи мақомоти низомии Мянмар таҳримҳои нав ҷорӣ хоҳад кард.

Дар ин бора мақомоти Португалия – раҳбари даврии Иттиҳодияи Аврупо хабар доданд.

Тибқи таҳримҳои нав ба феҳрасти аъзои хунтаи низомии вурудашон ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо мамнӯъ, афроди нав шомил шуда ҳамчунин аз содироти бархе аз молу мавод аз Мянмар ҷилавгирӣ мешавад.

Таҳримҳо - посух ба саркӯб шудани намоиши эътирозии роҳибони буддоӣ ва помолсозии ҳуқуқи башар дар Мянмар аст.

Интизор меравад, ки таҳримҳо рӯзи 15 октябр дар нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо пазируфта шавад.

XS
SM
MD
LG