Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ЮНИСЕФ: "Шикасти фоҷиабори маориф дар кишварҳои пасошӯравӣ"


hs

Бунёди кӯдакони СММ -- ЮНИСЕФ гуфтааст, дар қаламрави Аврупои марказиву шарқӣ ва Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ 14 миллион кӯдак аз таҳсил маҳрум мебошанд.


Нишондиҳандаи пасттарини таҳсил дар Арманистон, Гурҷистон, Молдова ва Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.


Юнисеф навиштааст, ки се ҷумҳурии собиқ Шӯравӣ Гурҷистон, Молдова ва Тоҷикистон аз иҷрои лоиҳаи рушди Ҳазора ё худ Миллениум ақиб мемонанд.


Бар пояи барномаи Милленуим то соли 2015 ҳамаи кӯдакон бояд имкони таҳсил дар мактабҳои ибтидоиро дошта бошанд.
XS
SM
MD
LG