Бар асари як таркиши худкушона дар вилояти ҷанубии Ҳилманди Афғонистон, ба камияш 27 нафар, аз ҷумла чандин корманди полис ба ҳалокат расидаанд. Мақомоти маҳаллии полис мегӯянд, наздик ба 45 нафар захмӣ шудаанд.
Инфиҷор дар як минтақаи тиҷоратӣ дар шаҳраки Гиришк ба амал омадааст. Тибқи бархе аз хабарҳо эҳтимол меравад, ки ду таркиш ба вуқӯъ пайваста бошад. Гиришк яке аз пойгоҳҳои ситезаҷӯёни толиб ба шумор меравад.