Ба қавли сухангӯи артиши Покистон Воҳид Аршад, ҳоло зуд аст, ки ин инфиҷорҳоро ҳамлаи интиҳорӣ номид.
Гуфта мешавад, бар асари таркиши якум, ки дар назди автобуси ҳомили кормандони вазорати дифоъи Покистон сурат гирифт, 16 нафар кушта ва беш аз 20 тани дигар захмӣ гардиданд.
Телевизионҳо саҳнаи ҳодисаро намоиш доданд, ки чи гуна маъмурони наҷот, оҳанҳои ба ҳам печидаи автобусро бурида, маҷрӯҳону ҷасадҳоро берун мекашиданд.
Раҳбари идораи пулис Марват Алишоҳ эълом кард, бомби дуввум, ки дар як мотосикл ҷогузорӣ шуда буд, дар назди бозори пуродаме дар Равалпиндӣ ва 300 метр дурдтар аз қароргоҳи артиши Покистон инфиҷор кард. Дар ин таркиш дастикам 8 нафар кушта ва беш аз 40 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
То кунун касе масъулияти ин ҳамлаҳоро бар уҳда нагирифтааст, вале мақомоти расмӣ тахмин мезананд, бомбгузорӣ амали дасти тундравони исломӣ аст, ки, зоҳиран, ба амалиёти маъмурони амниятии Покистон дар манотиқи қабиланишини наздики марзи Афғонистон аксуламал нишон додаанд.
Дар ҳамлаҳои мушобеҳ дар шаби гузашта мақомоти Покистон созмони «ал-Қоъида» ва гурӯҳҳои тарафдори Толибонро муттаҳам кардаанд.
Дар шаҳри Равалпиндӣ, ки ҳамсояи пойтахт шаҳри Исломобод аст, қароргоҳҳои раиси ҷумҳур Парвиз Мушарраф ва дигар мақомоти воломақоми сиёсиву низомӣ ҷойгир шудаанд.
Инфиҷорҳои мазкур эҳсоси буҳрони сиёсӣ дар Покистонро бештар мекунад, чун ин кишвар барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва порлумонӣ омода мешавад.
Дар ҳамин ҳол, раисиҷумҳур Парвиз Мушарраф ва нахуствазир Шавкат Азиз ҳамлаҳоро маҳкум карданд. Шавкат Азиз қавл дод, ки дастандаркорони ин ҳамлаҳо подоши амали худро хоҳанд гирифт ва таъкид кард, ки тундравиву ифротгароӣ ба ҷомиъаи Покистон латма мезанад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки баъди юриши маъмурони амниятӣ ба масҷиди Лаъли Исломобод дар моҳи июл дар Покистон ҳамлаҳо ба нерӯҳои амниятӣ авҷ гирифт. То кунун бар асари ин ҳамлаҳои интиқомҷӯёна бештар аз 300 нафар кушта шудаанд ва, гузашта аз ин, тарафдорони Толибон даҳҳо сарбозони покистониро дар марзи Афғонистон асир гирифтаанд.
Бадтар шудани вазъи амниятӣ дар авзоъи сиёсии ноамн дар Покистон раисиҷумҳур Парвиз Мушаррафро моҳи август водор кард, то масъалаи эъломи ҳолати фавқулода дар кишварро баррасӣ кунад.
Бо наздик омадани интихобот, вазирон аз амнияти маросими оммавӣ ибрози нигаронӣ карда буданд. Аммо имрӯз мақомоти расмии Покистон гуфтанд, ки инфиҷорҳо замина барои эъломи ҳолати фавқулода дар ин кишвар буда наметавонанд.