Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафт мӯъҷизаи нави ҷаҳон


Дар рўзи ҳафтуми моҳи ҳафтуми соли ҳафтум, яъне 07.07.07 ҳафт мӯъҷизаи нави ҷаҳон дар шаҳри Лиссабони Португалия эълом муайян шуданд. Ин мӯъҷизоти навро 100 миллион нафар таввасути раъйдиҳӣ дар Интернет интихоб кардаанд.

Муҷассамаи Исои наҷотбахш дар Бразилия, Қалъаи Макту Пикту дар Перу, аҳроми Чичен Итза дар Мексика, садди бузурги Чин, қаълаи Ал Бутраи Урдун, Коллизеуми Рум ва Тоҷмаҳали Ҳиндустонро ҳафт мӯъҷизаи нави дунё унвон шудаанд.

Озмун барои интихоби ҳафт мӯъҷизаи нав бо ташаббуси сайёҳ ва журналисти шветсариягӣ Бернард Вебер доир гардид. Яке аз аҳдофи он густариши ҷаҳонгардй бо таъини мӯъҷизаҳои нави олам буд, ки имкони онҳоро дидан вуҷуд дошта бошад.
XS
SM
MD
LG