Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия: президентро кӣ интихоб хоҳад кард?


Порлумони Туркия бори дигар маҷмӯъи ислоҳоти қонуни асосиро ба тасвиб расонд. Яке аз ин дигаргуниҳо интихоботи мустақими президент аз тарафи раъйдиҳандагон аст. То ҳол раиси ҷумҳури Туркияро аъзои порлумон интихоб мекард.


Тавсиби аввали порлумонро президент Аҳмад Наждат Сезер напазируфта буд.. Дар ҳамин ҳол ҳарчанд президенти кишвар ин бор ҳаққи беэътибор кардани ин ислоҳотро надорад, вале ҳамоно ӯ метавонад онро мавриди назархоҳии умумӣ қарор диҳад.


Тарҳи ислоҳотро ҳизби ҳокими «Адолат ва тараққӣ» замоне ба миён гузошт, ки номзади он ду дафъа аз райъдиҳии порлумон нагузашт.
XS
SM
MD
LG