Пайвандҳои дастрасӣ

Норасоии шадиди ғизо дар миёни кӯдакони тоҷик


Қисмати бештари дигари атфол бинобар истеъмоли ками хӯроки серғизо ҷисман хуб рушд накардаанд. Юкио Мокуо, раҳбари Бунёди кӯдакони СММ мегӯяд, афзоиши мизони фақр дар миёни хурдсолони тоҷик,метавонад ба ояндаи солими ҷомеаи Тоҷикистон хатар эҷод кунад. Мутахассион мегӯянд, бештари кӯдакони камбизоат фарзандони волидайни бекор ва ё муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд. Ва ин атфол бинобар таъмин набудан бо ашёи зарурии дарсӣ ва сарулибоси мактабӣ ба тадриҷ аз омӯзишу парвариш ҳам дур мешаванд.Паҳлӯи дигари камбизоатии кӯдакон -даст ба ҷиноят задани онҳо аст. Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи раёсати корҳои дохилаи шаҳри Душанбе мегӯяд, танҳо дар се моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби ноболиғон беш аз сад ҷиноят содир шудааст, ва аксари ин кӯдакон аз қишри фақири ҷомеа будаанд. Ба ин тартиб, тавре пажӯҳишгарон мегӯнд, камбизоатӣ мушкилест, ки худ мушкилоти зиёди дигарро эҷод мекунад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG