Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қалъаи Ҳисор шомили феҳристи ЮНЕСКО нашуд


Душанбе. Бунёди фарҳанги СММ, аз шомил кардани Қалъаи Ҳисори Тоҷикистон ба феҳристи ёдгориҳои аҳди Роҳи Абрешим худдорӣ кардааст.

Музаффар Азизӣ, раиси раёсати ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва бозрасии фарҳангии кишвар, мегӯяд, бо ин иллат, ки дар тармими қалъаи Ҳисор, аз масолеҳи сохтмонии ҷадид истифода бурдаанд, арзиши таърихии он коҳиш ёфтааст: «Дар сохтмони қалъаи Ҳисор махсусан аз сементи зиёд истифода бурдаанд, ки ба арзиши фарҳангиву таърихии он бе таъсир намондааст».

Оқои Азизӣ ҳамчунин гуфт, ки дар ҳамин маврид кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ҳафт ёдгории меъмории Тоҷикистонро мехоҳад дар феҳристи дастовардҳои фарҳанги башарӣ бубинад.

Ахиран барои дидани қалъаҳои Қаҳқаҳаи Вахон, Ҳулбук, Аҷинатеппа, мадрасаи Хоҷа Машҳад, Тахти Сангин, Панҷакент ва Бунҷикат ҳайъати нозирони бозрасии ёдгориҳои фарҳангии мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ба Бадахшону Хатлон сафар кардаанд.

Музаффар Азизӣ ҳамчунин хабар дод, ки дар ҳайъати нозирон бостоншиносони маъруф Франсуа Ленлуа, Роналд Ли ва Елена Хорош будаанд. Ба гуфти худи бостоншиносон, онҳо ингуна ёдгориҳои Роҳи Абрешимро, ки бо ягон замонаву даврони дигар омезиш наёфтаанд, бори аввал мебинанд.

Вале коршиносон мегӯянд, бархе аз кишварҳои осиёӣ ба феҳристи ёдгориҳои арзиши ҷаҳонӣ дошта, ёдгориҳои зиёдеро пешкаш кардаанд. Ба гунаи мисол, ба иттилоъи Абдусафӣ Раҳмонов, корманди Вазорати фарҳанг ва варзиши Ӯзбакистон, бостоншиносони ӯзбак ба ин феҳрист 34 номгӯй шаҳру кушку кохро пешниҳод намудаанд.
XS
SM
MD
LG