Вале менависад нашрияи «Фараж» бар асари набуди неруи барқ дар аксари манотиқи Тоҷикистон мардумон Наврӯзро дар хонаҳои сарду торик пешвоз гирифтанд. Ин нашрия менависад,ки масъулини соҳаи энержии Тоҷикистон бо баҳонаи пойин омадани сатҳи оби обанбори Норак ва низ қатъи интиқоли неруи барқ аз Ӯзбакистон нагузоштанд,ки мардум ҳатто ин ҷашни суннатии худро бо хурсандӣ ва дурустӣ пешвоз гиранд.
"Вечерний Душанбе" як нашрияи русизабони чопи Душанбе низ бо чопи тасвире хира аз як хиёбони торики шаҳри Душанбе аз он изҳори нигаронӣ кардааст,ки бо гузашти ин қадар солҳои зиёди истиқлолият мақомот наметавонад мушкилоти барқро ҳал кунад. Аммо дар зернавишти ин тасвири тира нашрияи мазкур бо як танзу кинояе чунин навиштааст: «Шаҳри азизи ман метавонад ором бихобад:- зеро на барқ, на газ ва на обе дуруст дорад.»
Ва аммо ҳафтаномаи «Наҷот» нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо чопи як матлаби муфассал аз масъулини давлати Тоҷикистон аз ҷумла аз Амришо Миралиев-раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ва низ муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагон, ки аввалӣ барои баргузории нишасти ёдбуди Сайид Абдуллоҳи Нурӣ- роҳбари пешини ин ҳизб дар толори Маркази тадқиқоти стратегӣ рухсат надода ва дуввумӣ аз ширкат дар ин маросим сарфи назар кардааст, шикоят кардааст. Муаллиф менависад, ки ӯ гумон надорад, ки ҳамаи ин корҳо бо дастури президент Раҳмонов сурат гирифта бошад зеро президент Нуриро хуб мешинохт ва эҳтироми зиёде ҳам барояш қойил буд ва ин афроди масъул дар мақомоти давлат ҳастанд,ки бо рафтори номатлуб ва номуносиб ихтилоф миёни ҳукумат ва мардум меангезанд.
Нашрияи "Азия плюс" бо чопи як матлаби муфассал вазъи феълии танҳо ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон -Тоҷикайрро нигаронкунанда арзёбӣ кардааст.Ба навиштаи ин нашрия аз як сӯ бонди парвоз аз сӯи дигар терминолҳо дар фурудгоҳи Душанбе ба талаботи имрӯза ва меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқат намекардааст. Афзун барин ҳамаи тайёраҳои мусофирбарии ин ширкат,ки истеҳсоли Русияанд ба иллати фарсудагӣ ва анҷоми мӯҳлати истифодаашон аз истифода берун шудаанд ва мавриди истифода қарор додани онҳо хатарнок мебошад. Ҳамин аст,ки қарордоди миёни бонки аврупоии бозсохт ва Рушд ва ин ширкат барои харидории мусофирбарҳои сохти аврупоӣ дар ҳоли ҳозир таҳти суол қарор гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол тибқи як хабаре, ки нашрияи "Собития" интишор додаст шумори ҷангандаҳои неруҳои мусаллаҳи Фаронса мустақар дар фурурдгоҳи Душанбем ба нӯҳ адад расидааст. Гуфта мешавад барои аввалин бор фаронсавиҳо се адад тайёраи ҷангии навъи Рафалеро вориди фурурдгоҳи Душанбе кардаанд. Қаблан ҷангандаҳои навъи Мираж ва чархболи низомии Геркулеси ин кишвар дар ин фурурдгоҳ мустақар шуда буданд.Ба навиштаи ҳамин нашрия аз эҳтимол дур нест,ки шумори сарбозон ва афсарҳои Фаронсадар Тоҷикистон низ афзойиш биёбад.
Дар охир як хабари фарҳангӣ аз ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат". Тибқи иттилои ин нашрия фестивал озмуни театрҳои касбии Тоҷикистон таҳти унвони Парасту аз рӯзи 23 март оғоз дар Душанбе хоҳад шуд. Гуфта мешавад дар ин ҷашнвораи театрӣ аз саросари кишвар 16 театри шаҳру навоҳӣ ширкат хоҳанд кард ва рӯзи ниҳоии озмун ба 31 март муқаррар карда шудааст.

Зари зарафшонам бишуд афсонаи буду наблу Аз зари кухистони худ як гушворам ОРЗУСТ!!!!!
Ман ба мардуми точик хайронам. Дар давлати диктатори зиндаги дорем. Бад аст, хуб аст давлат сарвар ва элита-оилаи хукмфармо дорад. Хохед сиёсатбози кунед, аз шароитхои автократия нагз бохабар шуда, шарту шароитро дидабаьд кор кунед. Вагарна пушаймони суд надорад. Бо усули давлатхои демократи сиёсатбози дар давлати автократи ин худаш як аблахи. Бесаводи бошад, тарсу вахм бошад, чазонбинии гуломи бошад???? Намедонам..., лекин бачои калларо кор фармуда, озиста озиста давлату давлатдоронро ислох ва зери рамкаи камтар адолатона даровардан, мардуми мо факат ба Худо месупоран. Худои бузург ба мо тану чон дод, барои илмомузиву хаётомузи шароит дод. Мо бояд аз ин имкониятхояш истифода бурда чамьиятро обод ва одилона кунем. Харакату муборизахои босаводона кунем. Илму фарханг, дину маданияти диниро нагз аз худ кунем, баьд Худо хам харакатхои моро дида мункин зиндагиву чамьияти сазоворро ба мо ато кунад. А так дар дахон носу, дар курпача нишаста лак лак мекунем. Аксарият саводи элементари надоранд... чи хел мо пешрафта мешавем. Танхо нолишу нолиши харгушкхои дупо......(((((
Тиллову пул аз Афгонистон. Значит аз они шахрвандони Точикистон нест. Хакки хизматро гиред ва кори афгонхоро буд кардан гиред. Чи проблема? Сохиби он ки аст? Чи аст? Барои мо чи фарк дорад? За транзит услуга гиред тамом.
Кореяи шимоли пешво доранд. Мо низ бо пешво буданро ФАХР мекунем. Солхои 92 чи буд хозир чигуна.
Интиқод не интиқол мешавад, ислоҳ карда монед.