Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пентагон: "Холид Муҳаммад иқрор шуд"


Вазорати дифоъи Амрико мегӯяд, ки Холид Шайх Муҳаммад, як фарди муттаҳам ба тарҳрезии ҳамлаҳои 11 сентябр дар Амрико масъулияти ин ҳамлаҳоро бар дӯш гирифтааст.


Эътирофи Холид Шайх Муҳаммад дар сабти хаттии бозпурсии ӯ омадааст, ки ба гуфтаи низомиёни Иёлоти Муттаҳида дар боздоштгоҳи Гуантанамо сурат гирифтааст.


Ҳамчунин ин шаҳрванди Покистон эътироф кардааст, ки масъули ҳамлаҳои соли 1993 ба Маркази Тиҷорати Ҷаҳонӣ ва ҳамлаҳои маргбор ба тарабхонаҳо дар ҷазираи Болии Индонезӣ аст.


Холид Шайх Муҳаммадро соли 2003 дар Покистон боздошт карда ва соли гузашта ба Гуантанамо интиқол доданд.
XS
SM
MD
LG