Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фалокати Фукушима баробар ба Чернобил хонда шуд


Оҷонси амнияти ҳастаии Ҷопон хатари фалокат дар нерӯгоҳи барқи атомии Фукушимаро бар асоси андозагирии байналмилалӣ аз дараҷаи панҷ ба ҳафт боло бурдааст. Яъне хатари фалокат дар ин нерӯгоҳ, ки бар асари заминларза ва сунамӣ осеб дид, баробар бо фалокат дар нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил дар соли 1986 шудааст. Бар асоси андозагирии байналмилалӣ, фалокати дараҷаи 7 дар нерӯгоҳи атомӣ, маънии «ихроҷи зиёди олудагиҳои атомӣ бо паёмадҳои васеъ барои сиҳатӣ ва муҳити зистро дорад.» Баъди бар асари заминларза ва сунамӣ дар рӯзи 11 март осеб дидани системаи сардкунии нерӯгоҳи Фукушима аз он то кунун маводи радиоактив хориҷ мешавад.
XS
SM
MD
LG