Аъзои раёсати Шӯрои ВАО баъди ду рӯзи баҳсу баррасӣ аз миёни ду довталаб Нуриддин Қаршибоев, раиси АМРМТ ва Зинатуллоҳи Исомилиён, раиси шабакаи телевизонии СМТ, дуввумиро ба унвони раиси Шӯрои ВАО интихоб намуданд. Ваколати ӯ то баргузории конфронси умумии Шӯрои ВАО дар моҳи декабр идома хоҳад кард. Интихоби раиси нави Шӯрои ВАО ба дунболи он сурат гирифтааст, ки Иброҳим Усмонов, нахустин раиси он, аз раёсати Шӯрои ВАО истеъфо додааст.
ШӮРОИ ВАО ВА МУШКИЛОТИ РӮЗНОМАНИГОРОН
Шӯрои ҷамъиятии матбуот ба назари ташкилдиҳандагонаш, барои рафъи мушкилоти зиёди журналистӣ, аз ҷумла, танзими робитаи миёни худи расонаҳо аз як сӯ ва аз сӯи дигар, равобити миёни мақомот ва матбуот бояд мусодат мекард. Ҳадафи дигари ин Шӯро ҷилавгрӣ аз баҳси миёни расонаҳо ва тарафҳои даъвогар ва ҳалли ин баҳсҳо то рафтан ба марҳилаи додгоҳӣ аст. Аммо дар чанд маврид, аз ҷумла бархӯрди ин Шӯро ба қазияҳои додгоҳии расонаҳо ва тавсияҳои ин Шӯро барои рафъи ихтилоф ба чанд нашрия, норизоятӣ миёни расонаҳо ва раёсати ин Шӯроро ба вуҷуд овард.
Қабл аз он ҳам масъулини чанд рӯзномаи сиёсӣ ва расонаи хабарӣ, аз ҷумла, «Нигоҳ», «СССР», «Миллат», ва хабаргузории «Авесто» ва инчунин бархе аз рӯзноманигорон бо қабули Кодекси ахлоқ ва таъсиси Шӯрои ВАО мухолифат карда буданд ва онро эътироф накарданд. Ин мушкили асосии кор дар фаъолияти якунимсолаи Шӯрои ВАО буд.
Зинатуллоҳи Исмоилиён мегӯяд, ки нахустин коре, ки раёсати нав барои он талош хоҳад кард, ҷалби ҳамаи расонаҳо ба кори Шӯрои ВАО хоҳад буд. Як шарти узвият дар Шӯрои ВАО, имзои Кодекси ахлоқии журналист буд. Аммо акнун раиси нави ин Шӯро мегӯяд, акнун ду масъала дар пеши худ дорад, яке мутақоид кардани ҳамаи расонаҳо барои пазируфтани меъёрҳои ахлоқӣ ва дигаре ба номаш мутобиқ кардани Шӯрои ВАО.
Зинатуллои Исмоилиён мегӯяд, вақте ин шӯро чунин ном дорад, бояд манофеъи ҳамаи ВАО Тоҷикистонро баробар ҳимоят карда тавонад. Аммо он чигуна мумкин хоҳад шуд? Оқои Исмоилиён мегӯяд: «Бисёре расонаҳое ҳастанд, ки дар ҳоли ҳозир ба узвияти Шӯро напайвастаанд. Ва меъёрҳои ахлоқиро имзо накардаанд. Ва аввалин коре, ки бо бояд Шӯрои ВАО анҷом диҳад, он аст, ки расонаҳоеро, ки дар бозори иттилоотӣ ҷойгоҳ ва мақом доранд, бояд ба ҳам биорад. Он гоҳ мо метавонем ба пуррагӣ бигӯем, ки ин шӯро Шӯрои ВАО Тоҷикистон мебошад ва аз ВАО Тоҷикистон дар сатҳҳои мухталиф намояндагӣ мекунад».
ОЁ РАСОНАҲОРО МУТТАҲИД МЕШАВАНД?
Аммо расонаҳои то кунун муътариз аз фаъолияти Шӯрои ВАО чӣ вокунише ба ин пешниҳоди раёсати нави ин Шӯро доранд? Ва эътирофи Кодекси ахлоқ аз сӯи ин расонаҳо ва зери як созмони бонуфуз муттаҳид кардани расонаҳо амалан имкон хоҳад дошт?
Зафар Абдуллоев, муассис ва сардабири нашрияи «Факти и комментарии» мегӯяд: «Албатта Кодекси ахлоқии журналистон як санади муҳим ва зарур аст. Аммо мо ин санадро он замон эътироф накардем, зеро ташаббускории таҳия он кори худи журналистон набуд, балки созмонҳои байналмилаӣ ва кӯмакрасон ва як анҷумани расонаӣ буд. Вале барномае, ки аз ниҳод ва замири худи журналистон бар нахоста бошад, он ноком мемонад ва пуштибонӣ нахоҳад ёфт. Дар ибтидо мо ба ин фикр ҳам будем, ки ҳадаф аз ин барнома танҳо ба даст овардани кӯмакҳои молии билоиваз аст. Ва таҳаввулот нишон дод, ки фаъолияти ин Шӯро муассир воқеъ нашуд. Хоса, ҳадафи аслӣ, ки муттаҳид кардани расонаҳо ва журналистон буд, ҳосил нашуд. Мехоҳем, ки раҳбарии ин Шӯро ба дӯши касе бошад, ки аз манофеъи ҳеҷ созмон ё анҷумани журналистии хосе намояндагӣ накунад. Раёсати нави Шӯро чунин имконеро дорад. Бояд бо ҳамаи маҳфилҳои журналистӣ ва журналистони бонуфуз ба таври ҷудогона ин масъаларо матраҳ кунад ва ризояти онҳоро барои ҳимоят на аз раҳбарияти нав, балки аз ҳадафҳои Кодекс ва Шӯро ҷалб кунад. Чунин шансе барои раҳбарияти интихобшуда вуҷуд дорад, аммо намедонам аз он истифода хоҳад кард ё не».
Шӯрои ВАО аз сӯи як қатор созмонҳои журналистӣ, аз ҷумла, ИЖТ, АМРМТ, устодони донишгоҳҳо ва хабарнигорони мустақили Тоҷикистон дар соли 2009-ум баъди пазируфтани Кодекси ахлоқи журналист таъсис шуда буд. Дар кори таъсиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон САҲА ва коршиносони Академияи расонаҳои «Дойче велле», ки дар таҳияи Кодекси жуналист саҳм доштанд, мусоидат намуда буданд.
Масъулини бархе дигар расонаҳои то кунун норозӣ низ мегӯянд, омодаанд роҷеъ ба шеваи ҳамкории худ бо Шӯрои ВАО гуфтугӯ кунанд.