Раисиҷумҳури Сурия Башор Асад вазири собиқи кишоварзӣ Одил Сафарро сарвазири ҷадид таъйин кард. Телевизиони давлатии Сурия гуфт, Асад бо судури як фармон ташкили кобинаи ҷадидро ба Одил Сафар супурд. Ӯ дар ҳукумати қаблӣ, ки ҳафтае пеш ба хотири таскин додани эътирозҳо ба истеъфо фиристода шуд, вазири кишоварзӣ буд. Сурия дар ин авохир ба мавҷи эътирозҳо алайҳи ҳукумати 11-солаи Башор Асад рӯбарӯ шудааст.